< Дар Балашиха ду корманди пулисро барои латукӯби муҳоҷирон аз кор пеш карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Балашиха ду корманди пулисро барои латукӯби муҳоҷирон аз кор пеш карданд

Дар Балашиха ду корманди пулисро барои латукӯби муҳоҷирон аз кор пеш карданд
Вазорати умури дохилаи Русия дар вилояти Маскав аз ронда шудани ду корманди пулис хабар медиҳад, ки дар тамаъҷӯӣ ва латукӯби ду муҳоҷир айбдор дониста мешаванд

Бар хабари сухангӯйи ВУД Русия дар вилояти Маскав Татяна Петровна, кормандони пулис пас аз латукӯб намудани ду муҳоҷир аз кор ронда шуданд.

Петровна мегӯяд, онҳо бо ин амали худ шарафи кулли кормандони мақомоти дохили Русияро паст заданд.

Зимнан қайд гардид, ки кормандони пулисро ба ҷузъ аз вазифа бенасиб шуданд, ҳамзамон ҷавобгарӣ дар назди қонун низ интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи латукӯби ду муҳоҷир аз ҷониби кормандони пулис дар ноҳияи Балашиха сурат гирифта буд.

Гуфта мешавад, маъмурини пулис вориди манзиле шудаанд, ки муҳоҷирони корӣ ба таъмири он машғул буданд. Онҳо муҳоҷиронро зери мушту лагад қарор дода, маблағ талаб мекарданд.

Дар натиҷа, муҳоҷирон барои раҳо шудан аз чанголи пулис худро аз ошёнаи дувум ба замин партофтанд ва осеби ҷисмонӣ ёфтанд.

Феълан муҳоҷирони корӣ дар яке аз бемористонҳои ноҳияи Балашиха қарор доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий