< "Шавкати хурдакак": Президенти Ӯзбекистон наберадор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Шавкати хурдакак": Президенти Ӯзбекистон наберадор шуд

"Шавкати хурдакак": Президенти Ӯзбекистон наберадор шуд
Духтари калонии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори сеюм таваллуд кард - навзодро ба ифтихори бобояш номгузорӣ кардаанд

 Духтари калонии президенти Ӯзбекистон Саид Мирзиёев писар таваллуд кардааст.

Дар ин бора худи ӯ канали Telegram-аш хабар додааст.

Кӯдак ба ифтихори бобояш - Шавкат гузошта шудааст.

"Дар оилаи мо як нафари дигар илова шуд, ин Шавкати хурдакак, офтоби мост аст. Мо бо ӯ начандон пеш шинос ҳастем, аммо дар нигоҳи аввал чунон як муҳаббати қавӣ дорем, ки 24 соат дар як шабонарӯз бо ҳам ҳастем" навиштааст духтари президент дар канали Telegram-и худ.

Ин фарзанди сеюм дар оилаи духтари калонии президенти Ӯзбекистон аст.

Дар маҷмӯъ, Шавкат Мирзиёев се фарзанд - ду духтар ва як писар дорад.

Ҳамноми Мирзиёев шашумин набераи сарвари давлат шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий