< Президенти Қирғизистон ба Маскав омад, дар парад иштирок накард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президенти Қирғизистон ба Маскав омад, дар парад иштирок накард

Президенти Қирғизистон ба Маскав омад, дар парад иштирок накард
Президенти Қирғизистон Сооронбай Ҷеенбеков ва ҳайати ӯ барои ширкат дар паради ҳарбии иди Ғалаба ба Маскав сафар намуда, буд. Аммо ӯ ва ҳароҳонаш бо сабаби доштани каронавирус дар вуҷуди ду нафар ҳайати ҳамроҳикунанда дар гузашти низомӣ иштирок накарданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Россия-24.

Тавре манбаъ хабар медиҳад ду нафаре, ки ҳамроҳ бо президент буданд, пас аз вориди Маскав озмоиши коронавирус натиҷаи мусбат нишон доданд.

Тибқи дастур, пеш аз парвоз ба Маскав президент ва аъзои ҳайати ҳамроҳикунанда аз санҷиши тестии  COVID -19 гузашта буданд ва натиҷа барои ҳама манфӣ баромада буданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон.

Гуфта мешавад, ки пас аз расидан ба Маскав ҳама бори дигар аз санҷиши тести гузаштаанд. Нитиҷаи санҷиш нишон додааст, ки Данияр Сыдыков мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва як корманди амниятӣ дар вуҷудашон каронавирус доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий