< Дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагон ба COVID-19 кам шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагон ба COVID-19 кам шуд

Дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагон ба COVID-19 кам шуд
Мақомоти Ӯзбекистон кардааст, ки шумори нафароне, ки ҳар рӯз дар ин кишвар ба вируси корона гирифтор мешаванд коҳиш ёфтааст

Дар ҳоли ҳозир, теъдоди сироятёфтагон ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 2039 нафар расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустии ин кишвар.

Рӯзи панҷшанбе шумори умумии сироятёфтагон ба вируси корона дар ин кишвар 2017 нафарро ташкил медод. Аз оғози паҳншавии ин вирус дар Ӯзбекистон 1133 афар ҷони худро аз даст доданд.

“Ба ҳолати 30 апрели соли равон дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагон ба вируси корона 2039 нафарро ташкил медиҳад”, - гуфта шудааст дар ахбори вазорати тандурустӣ.

Инчунин бояд қайд кард, ки рӯзи панҷшанбе 37 бемори нав ба қайд гирифта шуда буд, аммо рӯзи чоршанбе шумори сироятёфтагон дар 24 соати ахир ба 63 нафар расида буд.

Ҳамин тавр, дар Ӯзбекистон бо супориши раисҷумҳури Шавкат Мирзиёев зина ба зина чораҳои сабук кардани қарантина, ки қаблан барои паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуда буд, оғоз ёфт.

Мақомоти Ӯзбекистон ахиран ба мардум барои сайругашт дар назди хонаҳояшон иҷозат доданд. Инчунин, мақомоти Ӯзбекистон барои истифодаи мошинҳои сабукрав сабукиҳо низ ворид карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий