< (ВИДЕО) Садамаи марговар “МЕРСЕДЕС – ГЕЛЕНДВАГЕН” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

(ВИДЕО) Садамаи марговар “МЕРСЕДЕС – ГЕЛЕНДВАГЕН”

(ВИДЕО) Садамаи марговар “МЕРСЕДЕС – ГЕЛЕНДВАГЕН”

Субҳи 30 июн, соати наздики 9 баъди аз пули маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе дар роҳи тарафи ноҳияи Рӯдакӣ як мошини "Мерседес-Гелендваген” ба дарахт бархӯрду чаппа шуд. Дар натиҷаи садама, ронандаи "Гелендваген” бо номи Суҳайлӣ, с.т. 1993, сокини деҳаи Ҷӯйбодоми ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Ҷанозаи Суҳайлиро, ки соҳибкор буд, субҳи барвақти 1 июл, соати 6:30 дар зодгоҳаш ба хок супурданд.


Ҳар сол бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб мешаванд. Худро ва наздикони худро эҳтиёт кунед!

Комментарии (0)

Оставить комментарий