< Домоди Рӯҳонӣ қурбонии иттиҳоми хешутаборчигӣ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Домоди Рӯҳонӣ қурбонии иттиҳоми хешутаборчигӣ шуд

Домоди Рӯҳонӣ қурбонии иттиҳоми хешутаборчигӣ шуд
Пас аз вокунишҳо ба таъйини Комбиз Маҳдизода, домоди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба унвони муовини вазири саноат ва раиси Созмони заминшиносии Эрон, оқои Маҳдизода се рӯз пас аз таъйин шуданаш ба ин мақом, истеъфо дод.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, домоди Ҳасани Рӯҳонӣ дар матни истеъфонома ба вазири саноат, маъдан ва тиҷорати он кишвар аз ӯ барои таъйн намуданаш дар ин мақом ташаккур карда ва гуфтааст, "иҷозат мехоҳам аз хидмататон мураххас шавам ва ба фаъолиятҳои илмӣ ва таҳқиқотии худ дар сангари қаблиам идома диҳам."

Хабари таъйини домоди Ҳасани Рӯҳонӣ ба вокунишҳои густурдае дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд ва Ҷаъфар Сарқинӣ, муовини вазорати саноат дар эътироз ба ин таъйинот, истеъфо дод.

Ризо Раҳмонӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфта буд, ки Комбиз Маҳдизода "бар асоси шоистасолорӣ" интихоб шуда ва таъйини вай "рабте ба домоди раиси ҷумҳур будан надорад".

Вай таъкид карда буд, "онҳое, ки дар бораи ин таъйинот шак доштанд, вақте собиқаи кории ӯро диданд, ба мо табрик гуфтанд."

Домоди Ҳасани Рӯҳонӣ пеш аз таъйин шудан ба мақоми раиси Созмони заминшиносии Эрон, дар вазифаи котиби Ситоди рушди фановариҳои бахши энержии он кишвар кор мекард. Вай соли гузашта бо духтари Ҳасани Рӯҳонӣ издивоҷ кард ва пеш аз ин издивоҷ ягон мақоми ҳукуматӣ надошт.

Комбиз Маҳдизода соли 1984 ба дунё омада ва унвони доктории худро дар риштаи нафт аз Донишгоҳи озоди исломии Теҳрон ба даст овардааст.

Дар чанд рӯзи гузашта ҳамчунин таъйини Ҳусейн Мирхалилӣ, домоди Аҳмади Хотамӣ, имоми ҷумъаи Теҳрон ба мақоми раиси ҳавзаи раёсати Созмони барнома ва будҷа, хабарсоз шудааст. Оқои Хотамӣ дар вокуниш ба интиқодҳо эълом кард, ки барои таъйини домодаш ба ин мақом, "ҳеҷ супорише" надодааст. Вай таъкид кард, ки "ҳеҷ гоҳ барои ҳеҷ як аз домодҳоям супорише барои коре надошта ва надорам ва нахоҳам дошт."

Ҳусейн Мирхалилӣ, домоди Аҳмади Хотами ва фарзанди Алӣ Мирхалилӣ, намояндаи пешини порлумони Эрон аст. Ӯ рӯҳонӣ аст ва номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Аҳмад Хотамӣ пеш аз ин дар мусоҳибае гуфта буд, ки панҷ духтар дорад ва ҳамаи домодҳояш рӯҳонӣ ҳастанд.

Пеш аз ин низ таъйини Ҳодӣ Раҳмонии Фазлӣ, фарзанди Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон ба мақоми мушовири вазири иқтисод ва таъйини Муртазо Мутаҳҳарӣ, писари Алии Мутаҳҳарӣ ба унвони шаҳрдори минтақаи 17-и Теҳрон, интиқодҳоеро дар пай дошт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий