< Падаре дар Афғонистон духтари 6-солаашро бар ивази 720 доллар ба никоҳи марди 60-сола даровардааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Падаре дар Афғонистон духтари 6-солаашро бар ивази 720 доллар ба никоҳи марди 60-сола даровардааст

Падаре дар Афғонистон духтари 6-солаашро бар ивази 720 доллар ба никоҳи марди 60-сола даровардааст
Дафтари матбуотии Толибон дар Ҳилманд рӯзи якшанбе, 30-юми август бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки падари ин кӯдак духтарашро бар ивази ин маблағ ва бо ризоияти худ ба никоҳи як марди солхӯрда даровардааст.

Ба гуфтаи Толибон, падари ин духтар ба маводи мухаддир вобастагӣ дошта ва ба далели мушкилоте, ки онҳо доштаанд, фарзандашро бар ивази пул ба никоҳ додааст.

Расонаҳои Афғонистон қаблан низ хабар дода буданд, ки як марди 80-сола дар ноҳияи Нодалии вилояти Ҳилманд бо як духтари ҳаштсола никоҳ кардааст.

Ин ҳодисаҳо дар ҳолест, ки издивоҷҳои ноболиғон дар Афғонистон афзоиш ёфта, кӯдакон, бахусус духтарон, дар баробари издивоҷҳои иҷборӣ қарор доранд.

Фақр ва мушкилоти иқтисодӣ низ аз омилҳои асосии ин вазъият дониста мешаванд ва гузоришҳо нишон медиҳанд, ки бархе хонаводаҳо барои таъмини ниёзҳои молиявӣ духтарони худро бар ивази пул ба шавҳар медиҳанд ё мефурӯшанд.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий