Қирғизистон сафирашро дар Тоҷикистон нав кард
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, Назаралӣ Орифовро сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон таъин кардааст. Фармони дахлдор 30-юми август ба имзо расидааст, хабар медиҳад «АКИpress».
Орифов дар ин мақом Эрлан Абдилдаевро иваз кард, ки аз моҳи апрели соли 2022 сафири Қирғизистон дар Душанбе буд.
Моҳи июли соли равон Абдилдаев аз вазифаи сафир дар Тоҷикистон озод карда шуд. Ӯро рӯзи 10-уми июл Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба ҳузур пазируфта буд. Баъдан, Абдилдаев сафири Қирғизистон дар Маҷористон (Венгрия) таъин шуд.
Назаралӣ Орифов кист?
Назаралӣ Орифови 55-сола зодаи деҳаи Қара-Булоқи вилояти Бодканди Қирғизистон буда, шуъбаи ташкили ҳаракати роҳ дар Донишгоҳи технологии Ошро хатм кардааст.Фаъолияташро дар бахши хусусӣ оғоз кардааст. Солҳои 1994–1997 корхонаи хусусии «Эрдик"-ро роҳбарӣ карда, баъдан ба соҳибкорӣ машғул мешавад ва ба ҳайси роҳбари ширкатҳои «Прагма Инк» ва ӣ"Гефест« ифои вазифа кардааст
Соли 2007 Орифов вакили кенеш (маҷлиси вакилони халқ)-и шаҳри Ош шуд ва солҳои 2009–2010 ба раёсати минтақавии Хазинаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар Ош роҳбарӣ кардааст.
Соли 2016 Орифов ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиии Қирғизистон шомил шуд. Соли 2020 ӯ ваколатҳояшро ҳамчун узви Комиссия пеш аз муҳлат қатъ кард.
Моҳи майи соли 2021 Орифов консули кулли Қирғизистон дар Алмато таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ то моҳи июни соли 2024 фаъолият дошт.
То замони нашри хабар дар бораи таъини Назаралӣ Орифов танҳо манбаъҳои Қирғизистон иттилоъ додаанд. Тоҷикистон то ҳол иттилои расмӣ нашр накардааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)