Эмомалӣ Раҳмон: «29 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд»
Дар ин муддат аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 29 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун муваффақона фаъолият доранд. Ин матлабро имрӯз зимни суханронӣ бахшида ба оғози соли нави хониш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баён доштанд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки мақсади асосии квотаи президентӣ дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳо ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани чунин минтақаҳо мебошад.
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат квотаи махсус ҷудо шавад.
Тибқи дастури Сарвари давлат нафароне бояд ба тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд. Инак, 29 сол мешавад, ки бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳоти дурдасти мамлакат озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 зимни мулоқот бо занону духтарон бахшида ба Рӯзи Модар иброз доштанд, «танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардиданд. Яъне, шумораи духтарону занони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст».
Ин иқдом дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бо кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)