< Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд

Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд
​Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 500 хонандаи болаёқат аз 106 давлати дунё иштирок намуда, дар самтҳои муосири зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худмухтор донишу маҳорат санҷиданд.

Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ яке аз мусобиқаҳои сатҳи баланди илмӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба ҳисоб рафта, таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг — ЮНЕСКО баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар расми ифтитоҳи олимпиада иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ чор хонандаи болаёқат, аз ҷумла, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов Синан Кандиков, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов Диловар Икромов, хонандаи синфи 10-уми Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Ҳаётова ва хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Хайраков намояндагӣ карданд.

Хонандагони тоҷик дар рақобат бо беҳтарин наврасони ҷаҳон донишу маҳорати баланд нишон дода, дар маҷмуъ соҳиби ду медал гардиданд. Ин дастовард барои дастаи Тоҷикистон, ки бори аввал дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ иштирок намуд, натиҷаи назаррас ва боифтихор ба ҳисоб меравад.

Натиҷаи бадастомада аз имконияти баланди зеҳнии наврасони тоҷик шаҳодат дода, самараи тадбирҳои андешида дар самти рушди таҳсилоти рақамӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва дастгирии хонандагони болаёқат мебошад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий