Ӯзбекистон мегӯяд, дар 5 моҳ зиёда аз 1,2 млн шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар боздид кардаанд
Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон мегӯяд, дар панҷ моҳ (январ-май)-и соли 2026-ум 1 млн 211 ҳазору 60 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар боздид кардаанд.
ба иттилои манбаъ, дар ин давра дар маҷмуъ, 5 млн 351 ҳазору 868 шаҳрванди хориҷӣ ҳамчун сайёҳ ба Ӯзбекистон сафар кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3% ё худ 1,1 млн нафар зиёд мебошад.
Аз ҳама бештар, сайёҳон аз Қирғизистон — зиёда аз 1,5 млн нафар ба ин кишвар рафтаанд. Дар зинаи дуюм Қазоқистон — ҳудуди 1,25 млн нафар.
Ба даҳгонаи аввали кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зиёдтар аз Ӯзбекистон боздид кардаанд, Русия, Афғонистон, Чин, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва Олмон низ шомиланд.
Қаблан, ин ниҳод хабюар дода буд, ки соли гузашта 2,7 млн нафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
Тибқи иттилои Агентии омори назди Тоҷикистон, моҳҳои январ-марти соли 2026-ум 247,1 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафтаанд, ки 56,2% аз ҳамаи сафари шаҳрвандони хориҷиро ташкил додааст. Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон мегӯяд, дар ин давра каме бештар аз 282 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон бо мақсади сайёҳӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2025, Тоҷикистон ба сегонаи писандидатарин самтҳо барои шаҳрвандони Ӯзбекистон шомил шуд. Дар зарфи як сол ба Тоҷикистон ҳудуди 1,3 млн сафари сайёҳӣ анҷом дода шудааст.
Дар соли 2025, тибқи маълумоти ҷониби Тоҷикистон, 1 млн 117,8 ҳазор нафар аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)