< Солимии занон дар Афғонистон дар сояи маҳдудиятҳои Толибон бо буҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Солимии занон дар Афғонистон дар сояи маҳдудиятҳои Толибон бо буҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ аст

Солимии занон дар Афғонистон дар сояи маҳдудиятҳои Толибон бо буҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ аст
​Ин шабака рӯзи якшанбе, 17-уми май дар гузориши тозае навишта, ки дастрасии занон, ба вижа дар минтақаҳои дурдаст ба хизматрасонии солимӣ дар солҳои ахир душвортар шуда ва баста шудани клиникаҳо, камбуди духтурон ва ҳамшираҳои шафқат ва фишорҳои иқтисодӣ бар хонаводаҳо боис шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, бисёре аз занон ҳатто натавонистаанд харҷи рафтуомад ба наздиктарин маркази саломатиро фароҳам кунанд.

Дар гузориш омадааст, ки идомаи ин вазъият, ояндаи низоми тандурустии занонро бо таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад. Зеро бо баста будани мактабҳо ва донишгоҳҳо ба духтарон, раванди омӯзиши насли нави духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони зан мутаваққиф шудааст.
Дар бахши дигари гузориш омадааст, ки маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон бар сафари занон ва талаби ҳамроҳии маҳрам дар бархе минтақаҳо барои муроҷиат ба марказҳои саломатӣ, дастрасии занон ба хазматрасонии солимиро душвортар сохтааст.

Ин гузориш ҳушдор медиҳад, баста мондани дари мактабҳо барои духтарон вазъияти солимии занон дар Афғонистонро ба мушкилоти боз ҳам ҷиддитар мувоҷеҳ мекунад, ки барои бартараф кардани он солҳо ва ҳазинаҳои зиёде лозим мешавад.

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий