Изҳороти Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷинояти мудҳиш дар шаҳри Хуҷанд
шаҳрванди Тоҷикистон Воҳидова Азиза Донёрбековна, соли таваллудаш 1997, сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар, соли таваллудаш 2004, ки дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ғайриқонунӣ будубош дошт, бо корди калони хоҷагидорӣ ва бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида шуд. Воҳидова Азиза Донёрбековна ҳамчун зани покдоман ва хушахлоқ барои ҳимояи нангу номуси худ кӯшиш намуд, вале ин афғони хунхор аз ҳиссиёти баланди шаҳвонӣ ва ваҳшонияти хоси ин тоифа риштаи умри зани ҷавонро барканд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ қотили афғон ва ҷинояткори хавфнок Раҳмони Муҳаммадумарро дар ҷойи ҳодиса дастгир карданд.
Нисбат ба Раҳмони Муҳаммадумар аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар асоси моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Дар ин робита, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том изҳор медорад ва аз шаҳрвандони Афғонистон талаб менамояд, ки ба қонунгузорӣ, расму ойин ва анъанаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ гузошта, онҳоро қотеъона риоя намоянд ва будубоши худро расмӣ гардонанд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарчашма: vkd.tj

Комментарии (0)