Исфандиёри Саъдулло: “Талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас табдил диҳем”
Тавре ки маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар форум масъалаҳои коҳиши нобаробарии рақамӣ, таъмини пайвастагии устувор дар минтақаҳои дурдаст, танзими ҷараёнҳои фаромарзии маълумот ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ меафзояд, ки сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни суханрониаш иброз дошт, ки баргузории чунин форуми сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ ба рушди фазои рақамӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад.
«Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Мо талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас барои ҳар шаҳрванд табдил диҳем», — зикр кардааст Исфандиёри Саъдулло.
Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои форуми мазкур метавонанд ба таҳияи сиёсати муассири рақамӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори рақамӣ мусоидат намоянд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)