< “Манчестер Юнайтед” бар “Брентфорд” пирӯз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Манчестер Юнайтед” бар “Брентфорд” пирӯз шуд

“Манчестер Юнайтед” бар “Брентфорд” пирӯз шуд
​Ҳисобро дар дақиқаи 11-уми бозӣ нимҳимоятгари бразилӣ Карлос Каземиро кушода, «девҳои сурх"-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 43-юм ҳамлагар Бенямин Шешко бартарии дастаашро дучанд намуд. Дар дақиқаи 87-ум Матиас Йенсен ягона голи «Брентфорд"-ро ба ҳадаф расонид.

Ҳамин тариқ, «Манчестер Юнайтед» бо 61 имтиёз мавқеашро дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа устувор намуд. «Брентфорд» бо 48 имтиёз дар мақоми 9-ум қарор дорад.

Дар даври навбатӣ «Манчестер Юнайтед» рӯзи 3-юми май дар майдони худ бо «Ливерпул» бозӣ мекунад. «Брентфорд» рӯзи 2 май дар хонааш бо «Вест Хэм Юнайтед» дидор анҷом медиҳад.


Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий