< Фернандеш бо Озил ва Роналду баробар шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фернандеш бо Озил ва Роналду баробар шуд

Фернандеш бо Озил ва Роналду баробар шуд
​Ҳамин тавр, шумораи ассистҳои ӯ дар мавсими ҷорӣ ба 19 расид ва аз рӯи ин нишондод бо Месут Озил баробар шуд.

Дар раддабандии беҳтарин ассистентҳои як мавсим дар Премйер-лигаи Англия танҳо Терри Анри ва Кевин Де Брёйне болотаранд, ки ҳар кадом 20 ассист доранд.

Ҳамчунин, Фернандеш бо ин паси головараш ба рекорди Роналду низ баробар шуд. тибқи иттилои портали омории Opta Sport, Фернандеш дар тӯли фаъолияти худ бо «Манчестер Юнайтед» 140 гол+ассист (70 гол, 70 ассист) ба самар расонидааст. Криштиану Роналду дар тӯли фаъолияти худ бо «девҳои сурх» низ ҳамин миқдор гол ва паси головар анҷом додааст. Криштиану дар ҳисоб 103 гол ва 37 ассист дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ, Фернандеш дар 33 бозии ин мавсим дар ҳамаи мусобиқаҳо 8 гол зада, 20 партофти головар анҷом додааст.

Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий