СҲРА дар як номаи саркушода хостори озодии фаврии се хабарнигори боздоштшуда аз сӯи Толибон шуд
Ин созмон рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел бо нашри номаи саркушода гуфтааст, ки вазъияти Шакиб Аҳмад Назарӣ, Башир Ҳотиф ва Ҳамид Фарҳодӣ нигаронкунанда аст ва ниёз ба таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.
Дар ин нома, ки аз сӯи 360 хабарнигор, корманди расона ва фаъоли ҳуқуқи башар имзо шудааст, омадааст, ки ин се хабарнигор танҳо ба далели иттилоърасонӣ ва рӯшан сохтани ҳақиқат боздошт шудаанд.
СҲРА ҳушдор додааст, ки вазъияти ҷисмонӣ ва равонии Башир Ҳотиф ва Шакиб Аҳмад Назарӣ дар боздошт «нигаронкунанда» гузориш шудааст ва идомаи ин вазъият метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дар пай дошта бошад.
Дар ин нома аз гурӯҳи террористии Толибон хоста шудааст, ки ин се хабарнигорро бидуни қайду шарт озод кунанд.
Созмони ҳимояи расонаҳои Афғонистон ҳамчунин, аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои ҳомии расонаҳо хостааст, то барои таъмини амнияти хабарнигорон ва озодии онҳо, талошҳои худро афзоиш диҳанд.
Ин созмон таъкид кардааст, ки боздошти хабарнигорон фазои тарсро дар ҷомеаи Афғонистон густариш дода ва раванди иттилоърасонӣ ва дастрасии мардум ба иттилоотро бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)