< Паёмадҳои иқтисодӣ, ки ҷанги Эрон барои Осиёи Миёна доштааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Паёмадҳои иқтисодӣ, ки ҷанги Эрон барои Осиёи Миёна доштааст

Паёмадҳои иқтисодӣ, ки ҷанги Эрон барои Осиёи Миёна доштааст
​Дар Дубай, қатори мошинҳое, ки қарор аст роҳии Қирғизистон шаванд, ҳоло беҳаракат мондаанд. Актилик Алипбой уғлу, як тоҷири қирғиз, ки дар ин шаҳр ба сар мебарад, мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки ин мошинҳо чӣ замоне ба ҷойи худ хоҳанд расид.

Ӯ мегӯяд, «ҳанӯз ҳеч вақте муайяне барои мо гуфта нашудааст. Бинобар ин, мо мошинҳоро дар гаражҳо нигаҳ медорем. Инҳо молҳои амонат ҳастанд. Агар дар бандар осебе бинанд, ба маънои зарар барои воридкунандагон хоҳад буд».

Пеш аз ин, мошинҳо аз тариқи киштӣ аз Халиҷи Форс ба бандарҳои Эрон интиқол дода мешуданд ва сипас аз тариқи заминӣ ба Бишкек мерасиданд. Бо ҷанг дар Эрон, ин занҷира ба таври назаррас суст шудааст.

Алипбой уғлу мегӯяд, «танга (тангаи Ҳурмуз) комилан баста нашудааст, ҷобаҷойи идома дорад, аммо мошинҳо ба муддати 15 то 20 рӯз ё ҳатто то як моҳ дар бандар нигаҳ дошта мешаванд. Мо талош дорем то онҳоро ба Қирғизистон интиқол диҳем, аммо таъхирҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад. Онҳо дар бандарҳои Эрон банд мондаанд».

Ӯ мегӯяд, бинобар вазъияти ҷангӣ дар Халиҷи Форс, кормандони бандарҳо аз рухсат кардани борҳо ҳарос доранд ва ба ҳамин далел, раванди фиристодани борҳо ба шиддат суст шудааст.

ТАҒЙИРИ МАСИРИ БОРКАШОНӢ

Ҳамон тавр, ки интизор мерафт, ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба Эрон дар 28 феврал ва ҳамлаҳои Эрон ба ҳадафҳое дар саросари Ховари Миёна, ба иқтисоди минтақа осеб расондааст.

Ин таъсирҳо ба минтақа маҳдуд намонда ва кишварҳои берун аз ин минтақа, дар кишварҳои Осиёи Миёна, ки ба колои эронӣ такя мекунанд, низ эҳсос мешавад. Ва бо суст шудани ҳаракати боркашонӣ аз роҳи Халиҷи Форс, боркашонӣ аз тариқи заминӣ афзоиш меёбад ва масири худро дигар мекунад, ки ҳам вақти бештар мегирад ва ҳам хароҷоти бештаре дорад.

Азамат Ҷумъабеков, раиси Анҷумани ширкатҳои боркашонии байналмилалии Қирғизистон мегӯяд, мушкили пешомада бинобар ҷанг дар Эрон ба ин маъно аст, ки боркашонӣ аз марказҳои асосии тақсимот дар ҷойҳое монанди Арабистони Саудӣ ҳудуди 10 рӯз бештар тӯл кашад, зеро ба гуфтаи ӯ, масирҳо барои дур задани тангаи Ҳурмуз дарозтар шудаанд.

Ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, «қаблан, колоҳо аз тариқи баҳр интиқол мешуд, акнун аз тариқи хушкӣ мекашонем. Арабистони Саудӣ ва сипас дигар кишварҳо — ҳар кадом қонунҳои хоси худро доранд ва ин мавзӯъ, масъаларо печидатар кардааст».

Ба гуфтаи Ҷумъабеков, «таъхири 10-рӯза барои тоҷирон қобили таваҷҷуҳ аст, аммо хориҷ аз контроли ширкатҳои боркашонӣ аст. Айби мо нест. Онҳо мебинанд, ки ин ба вазъи геополитикӣ вобаста аст».

Ин фишор дар ниҳоят ба истеъмолкунадагон мунтақил шуда, афзоиши хароҷоти боркашонӣ ба боло рафтани қимати колоҳо анҷомидааст.
Ин даргирӣ роҳҳои тиҷории заминиро масдуд карда, ҷараёни интиқоли маводи ғизоиро қатъ кард ва қимати маводи сӯхтро барои масрафкунандаҳо дар кишварҳое, ки маоши миёна аз 500 доллар дар моҳ болотар намеравад, афзоиш додааст.

Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Осиёи Марказӣ дар соли 2025 бинобар афзоиши хароҷоти хонаводаҳо, интиқоли пул ва сармоягузорӣ, 7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Аммо ҷанг дар Эрон хатарҳои навро ба миён овардааст. Тибқи гузориши бахши қарзии Сандуқи Байнулмилалии Пул дар Вашингтон, халалдор шудани тиҷорат дар тангаи Ҳурмуз хароҷоти энержӣ ва тиҷоратро афзоиш медиҳад ва таваррум дар Аврупо ва Осиёи Марказиро дар феврали соли 2026 ба 8,1 дарсад расонд, ки баландтарин дар минтақа аст.

ҶАҲИШИ ҚИМАТИ ЭНЕРЖӢ

Кишварҳои воридкунандаи энержӣ монанди Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки воридкунандаи энержӣ ҳастанд, беш аз дигарон дар рӯбарӯи осеб қарор доранд.

Боло рафтани қимати нафт будҷаи ҳукуматро таҳти фишор қарор дода, қудрати хариди хонаводаҳоро коҳиш дода ва рушди иқтисодро кунд мекунад.

Таъхир дар воридот, аз мошин гирифта то маводи ғизоӣ ва саноатӣ, таваррумро афзоиш дода ва занҷираҳои таъминро халалдор кардааст.
Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор додааст, ки агар даргириҳо дар Ховари Миёна идома ёбад, рушди иқтисод дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ метавонад дар соли 2026 якбора коҳиш ёбад ва аз пешбиниҳоии қаблии 2,4 дарсад то 2,1 дарсад бирасад, ки поинтарин суръат аз соли 2020 хоҳад буд.

Канатбек Эшатов, раиси Анҷумани тоҷирони нафти Қирғизистон гуфт, «кишварҳое монанди Чин, Ҳинд, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ қаблан бахши зиёде аз нафти худро аз тариқи тангаи Ҳурмуз дарёфт мекарданд. Акнун онҳо ба Русия рӯй овардаанд ва ҳаҷми воридот рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст».

»Дар натиҷа, қиматҳо дар Русия ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст. Мо қаблан ҳар тоннаро 700 доллар мехаридем, акнун ба 900 доллар наздик мешавад».
Қирғизистон ба мошинҳои воридотии дасти дувум вобастагии зиёд дорад.
Дар соли 2025 тақрибан 139000 мошин аз Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳида вориди ин кишвар шуда, аксар вақт аз масири Дубай ва Бандар Аббоси Эрон убур мекарданд. Бисёр аз мошинҳо ба Русия бозсодирот мешаванд ва барои тоҷирони қирғиз фоидаи зиёде меорад.

Аз замони оғози даргирӣ дар Эрон, хароҷоти интиқоли мошинҳо аз Имороти Муттаҳидаи Араб 125-180 дарсад афзоиш ёфтааст — аз 1300-3000 доллар то 3500-6000 доллар барои як мошин. Афзоише, ки ҳам бозори дохилӣ ва ҳам фоидаи бозсодиротро таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон истеъмолкунандагони одӣ шоҳиди камёб ва гаронтар шудани маводи мавриди ниёзи аввал ҳастанд. Маводи ғизоӣ, ашёи рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ, ки аксаран аз тариқи ҳамон долонҳои эронӣ меоянд, ба таъхир ба дасташон мерасад.

Зулфия Султонова, сокини Душанбе ин тағйирот мушоҳида кардааст: «Қаблан бо нархи 50 сомонӣ (тақрибан 5 доллар) маводи шустушӯ мехаридам, ҳоло 65 сомонӣ шудааст. Тақрибан як ҳафта мешавад».

Аъзам Юнусов, соҳиби як фурӯшгоҳи хурд дар пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, бо фурӯши молу колои дар анбор доштааш, тавонистааст нархҳоро нигаҳ дорад, дастикам барои ҳамин ҳоло. Аммо фишор ба суръат дар система дар ҳоли афзоиш аст.

Ӯ гуфт, «тоҷирон мегӯянд, ки нархҳо дар ҳоли афзоиш ҳастанд, зеро расидани колоҳои ҷойгузин муддати бештаре тӯл мекашад».
Қабл аз ҷанг, Эрон яке аз панҷ шарики тиҷории аслии Тоҷикистон буд ва дар соли 2025 ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ба ҳудуди 484 миллион доллар расид.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик ҳушдор дод, «агар вазъ тағйир наёбад, агар ҷанг идома ёбад, нархҳо дар Тоҷикистон боз ҳам боло хоҳад рафт».

ОСИЁИ МИЁНА ДАР ИҲОТАИ ХУШКӢ

Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр роҳ надорад, аз назари суннатӣ бо шабакаҳои боркашонии боқимонда аз даврони Шӯравӣ вобаста будааст, ки аз тариқи Русия ба шимол пайваст мешуданд.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои ин минтақа дар се даҳаи гузашта талош карданд, роҳҳои боркашонии худро ба самти ҷануб ва ғарб густариш диҳанд. Дар ин миён, бандарҳои Эрон ба яке аз масирҳои аслии колоҳои содиротӣ аз Осиёи Марказӣ ба дигар нуқтаҳои ҷаҳон табдил шудаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар охирин пешгӯиҳои иқтисодӣ барои минтақа дар моҳи апрел таъкид кард, ки кишварҳо барои коҳиши паёмаҳои ин бӯҳрон бояд чораҳои ҳадафманд, ба вижа барои ҳимоят аз қишрҳои осебпазир, дар пеш бигиранд».

Ин ниҳод ҳамчунин бар идомаи ислоҳоти иқтисодӣ барои тақвияти рушд ва таъсиси ҷойҳои корӣ таъкид кард ва онро омили муҳим дар афзоиши тобоварии иқтисодҳо дар баробари бӯҳрон донистааст.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий