< Иддаои Толибон: “Шаш сарбози покистонӣ дар ҳамлаҳои марзӣ дар Хӯст кушта шуданд” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иддаои Толибон: “Шаш сарбози покистонӣ дар ҳамлаҳои марзӣ дар Хӯст кушта шуданд”

Иддаои Толибон: “Шаш сарбози покистонӣ дар ҳамлаҳои марзӣ дар Хӯст кушта шуданд”
​Хабаргузории «Бохтар"-и Афғонистон рӯзи душанбе, 6-уми апрел гузориш дод, ки ин даргирӣ шаби гузашта дар тӯли хатти Девранд рух додааст ва Толибон дар вокуниш ба ҳамлаҳои тарафи покистонӣ, иқдоми дифоӣ анҷом додаанд.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки музокирот миёни Толибон ва Покистон дар Чин ҷараён дорад.

Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи гурӯҳи террористии Толибон, рӯзи гузашта дар нишасти машваратии Толибон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кобул гуфта буд, ки намояндагони ин гурӯҳ барои ёфтани роҳҳал бо намояндагони Покистон дар Чин дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд.

Даргириҳои низомӣ миёни Толибон ва Покистон дар минтақаҳои марзӣ боис ба кушта шудани шумори зиёде аз ғайринизомиён дар Афғонистон шудааст ва бар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, ҳазорон тан маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд.

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий