< Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд

Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
​Зимни мулоқоти роҳбари Минтақаи озоди иқтисодӣ Ҷамшед Собирзода бо сармоягузорони чинӣ доир ба имконияти иқтисодию истеҳсолӣ, имтиёзҳо ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот сармоягузорони Чин бо имконоти мавҷудаи минтақа шинос шуда, барои ба роҳ мондан ва рушд додани ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий