Банд мондани даҳҳо мошини боркаш дар марзи Узбекистону Тоҷикистон
Ин мошинҳо, ки аз кишварҳои дигар, аз ҷумла, Қазоқистону Эрон тавассути Узбекистон ба Тоҷикистон молу маводи ғизоӣ ворид мекунанд, дар гузаргоҳи гумрукии «Дӯстӣ» миёни шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ва Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон барои дарёфти иҷозаи убури марз навбат истодаанд.
Ронандагон бо нашри наворе гуфтаанд, дар ин минтақа даҳҳо мошини боркаш ҷамъ омадаанд ва шикояти асосии онҳо аз кори кормандони гумруки Тоҷикистон аст ва бархе аз мошинҳо дар ин минтақа аз рӯзи 14-уми март банд мондаанд.
Шарҳи мақомоти гумрук дар ин бора дастрас нест.
Бархе аз ронандагон як сабабро дар гарон ва хурд будани истгоҳи гузаргоҳи гумрукӣ медонанд. Ба иддаои онҳо, барои зудтар гузаштан аз марз аз ронандагони мошинҳои боркаш ҳудуди 200 доллар талаб мешавад.
Дар гузашта соҳибкорони Узбекистонӣ ҳам шикоят карда буданд, ки маъмурини гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ карда, барои воридоти он монеагузорӣ мекунанд.
Мақомоти гумрук дар посух гуфтанд, монеа нест, вале бо сабаби дуруст набудани санадҳои пешниҳодӣ дар бештари мавридҳо ҳуҷҷатгузории молу маҳсулот бо таъхир сурат мегирад.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)