< Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст

Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Дар шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири ӯзбекистонӣ кӯдаки ҳафтсолаеро, ки аз тирезаи ошёнаи 7-уми биное дар кӯчаи Петрозаводская меафтод, наҷот додааст. Ба гузориши расонаҳо, ин ҳодиса рӯзи 22-юми феврал рух додааст.

Аз муҳоҷири ӯзбек Хайрулло Ибодуллоеви 36-сола ном бурда мешавад. Ӯ чор моҳ боз дар ин шаҳр ҳамчун кӯчарӯб кор мекунад. 
Дар наворе, ки худи Ибодуллоев лаҳзаи қаҳрамониашро нақл мекунад, мегӯяд, эҳсос мекард, ки кӯдак аз тиреза меафтад аз ин рӯ, аз қабл фарёд кард, ки аз тиреза дур шавад. Вале писарча ба поён афтад ва муҳоҷири ӯзбекистонӣ ӯро дошт. Писарча зинда мондааст, аммо пой ва узвҳои дохилии ӯ осеб гирифта, дар шуъбаи эҳё қарор доштааст.
Гуфта мешавад, даст ва чанд дандони муҳоҷире ҳам, ки кӯдакро наҷот додааст, шикастааст, вале саломатияш хуб гуфта мешавад.
Хайрулло Ибодуллоев дар Ӯзбекистон чор фарзанд доштааст.
 
Қаҳрамониҳои муҳоҷирони тоҷик дар РусияБояд гуфт, ки муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон борҳо дар Русия ҷони одамонро наҷот додаанд. Вале ин қаҳрамониҳо аксаран аз сӯи расонаҳои марказии ин кишвар нодида гирифта мешавад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли гузашта Отабек Мадраҳимов, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш карда буд. Ӯ бо мошини обкаши худ оташи мошини алангагирифтаро хомӯш кард ва навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.
Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Пас аз тақрибан як моҳ муҳоҷири дигари тоҷик, Сайидвалӣ Шарипов, се кӯдакро дар Русия аз сӯхтор наҷот дод. Ӯ бегоҳии 14-уми майи соли 2025 ҳангоми харидории дору аз нуқтаи фуруши доруворӣ дар шаҳри Екатеренбург садои фиғон ва имдодталабии кӯдаки хӯрдсолро шунида, ба кӯмаки ӯ шитофт.

Инчунин, моҳи июли соли 2025 панҷ ҷавони тоҷик кӯдакону занони русро аз обанборе дар шаҳри Истра аз ғарқшавӣ наҷот доданд.
Сарфи назар аз ин қаҳрамониҳо, дар Русия нисбати муҳоҷирон ҳамоно дидгоҳи хашин ва муносибати дурушт мушоҳида мешавад. Махсусан, мақомоти ин кишвар дар ҷараёни рейдҳои худ муҳоҷиронро таъқиб ва дар бисёр ҳолатҳо латукӯб ҳам мекунанд.

Расонаҳои ин кишвар дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд ва аз инъикоси рафтори хуби онҳо, аз ҷумла наҷоти одамон худдорӣ мекунанд ва ё аз ҳодиса ҳам гӯянд ҳувияти муҳоҷиронро ишкор намекунанд. Мисли қаҳрамонии Хайрулло Ибодуллоев, ки аксари расонаҳои марказии ин кишвар дар ин бора чизе нагуфтанд ва ё танҳо бидуни ишораи ҳувияташ дар ин бора гузориш пахш карданд.

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий