< Пирӯзӣ дар даври якум: Размикори 2-юми тоҷик ба UFC роҳ ёфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пирӯзӣ дар даври якум: Размикори 2-юми тоҷик ба UFC роҳ ёфт

Пирӯзӣ дар даври якум: Размикори 2-юми тоҷик ба UFC роҳ ёфт

Дар мусобиқаи ҳунарҳои размии омехта дар шаҳри Абу-Дабӣ зери унвони "Роҳ ба UFC" размикори тоҷик рақиби бразилиягияшро шикаст дода, ба ин созмон роҳ ёфт

Размикори варзидаи Тоҷикистон, Самандар Муродов ба созмони UFC роҳ ёфт. Мусобиқа барои роҳхат ба ин созмон 23-юми октябр дар шаҳри Абу-Дабии АМА сурат гирифт.

Варзишкори тоҷик барои ташкилоти бонуфузи UFC бо размикори пуртаҷриба аз Бразилия Ҷиан Сикуэйра вориди майдон шуд.

Муродов дар сонияи охири даври аввал рақибро бо усули буғӣ кардан ба танг оварда, маҷбур сохт, ки таслим шавад.

Самандар Муродови 23-сола зодаи ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон мебошад, ки дар Русия тамрину иқомат мекунад. Феълан ин размикори тоҷик дар ҳунарҳои размии омехтаи касбӣ 8 бор сабқат карда, пирӯз шудаст.

Маврид ба зикр аст, ки Муродов баъд аз Нурулло Алиев дувумин размикори тоҷик аст, ки ба ташкилоти бонуфузи UFC роҳ ёфт.

Алиев моҳи сентябри соли равон Ҷош Уики амрикоӣ дар шаҳри Лас-Вегас дар даври аввал шикаст дода, соҳиби роҳхат гардида буд. Ҳамин тариқ Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC шуд.

То ин марҳила пеш размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий