Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоҳои қирғизу покистонияш
Вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳо дар Покистон дар доираи чорабинии бузург мулоқот карданд
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) як қатор мулоқотҳо анҷом дод.
Чорабинии бахшида ба рушди шарикии кишварҳо аз 22 то 23 март дар Исломобод баргузор мешавад.
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлосия бо Имрон Хон, нахуствазири Покистон ва сипас бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дидору гуфтугӯ кард.
Иштирокдорони мулоқот таҳким ва густариши шарикии Душанбеву Исломободро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо инчунин раванди амалисозии мувофиқаҳое, ки дар рафти сафарҳои сатҳи олӣ дар соли 2021 ба даст омада буданд, муҳокима намуданд.
Музокироти Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев муҳим буд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байни ҷумҳуриҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки иштироккунандагони ҷаласа ният доранд, ки буҳрони башарӣ дар Афғонистон, вазъияти Чамму ва Кашмирро муҳокима кунанд.
Воқеаҳои Яман, Либия, Судону Сомалию Сурия ва минтақаҳои дигар, инчунин як қатор масъалаҳои Африқо аз муҳимтарин мавзӯъҳо хоҳанд буд.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)