< Душанбе ва Боку бародаршаҳр шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Душанбе ва Боку бародаршаҳр шуданд

Душанбе ва Боку бародаршаҳр шуданд
Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо ҳамтои худ Элдар Азизов мулоқот кард

Мири шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар Озарбойҷон бо сарвази мақомоти иҷроияи шаҳри Боку, Элдар Азизов мулоқот анҷом дод.

Дар ин бора котиботи раиси шаҳри Душанбе хабар дод.


Манбаъ меафзояд, дар оғози суҳбат, мири шаҳри Душанбе аз саҳми раисиҷумҳурони Тоҷикистону Озарбойҷон тавсиф намуда нақши онҳоро дар тавсеа ва тақвияти тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстонаи тарафайн арзёбӣ кард.


Зимни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳошияи равобити дӯстонаи ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар мубодилаи таҷриба дар байни субъектҳои хоҷагидории шаҳрҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Дар фарҷоми музокирот Рустами Эмомалӣ ва Элдар Азизов Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боку ба имзо расониданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий