Песков: Дар Русия намехоҳад ҳатто калимаи “ҷанг”-ро ба забон оранд
Сухангӯи Кохи Кремлин ба иттиҳомоти Ғарб дар бораи оғози ҷанг дар Украина посух дод
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар суҳбат бо рӯзноманигори шабакаи «Россия 1» гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кишваре аввал ҳамла накардааст ва илова кард, ки пас аз даргириҳои зиёд дар ин кишвар онҳо ҳатто намехоҳанд калимаи «ҷанг"-ро ба забон оранд."Ёдрас мешавем, ки Русия дар тӯли таърихи худ ҳеҷ гоҳ ба касе ҳамла накардааст. Русия, ки ҷангҳои зиёдеро паси сар кардааст, охирин кишваре дар Аврупо ҳаст, ки ҳатто намехоҳад калимаи «ҷанг"-ро ба забон орад,« — гуфт Дмитрий Песков дар посух ба иттиҳоми Ғарб дар бораи оғози ҷанг дар Украина.Пештар Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфта буд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳолатҳои изтирорӣ Александр Чуприян дастур додааст, ки ба таври фаврӣ ба вилояти Ростов парвоз кунад, то паноҳандагоне, ки аз ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск (ДНР ва ЛНР) меоянд, ҷойгир кунанд.
Қаблан раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ аз кӯч додани шаҳрвандон ба вилояти Ростов дар робита ба таҳдиди Киев хабар дода буданд.Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолонро ба минтақаи амн мекӯчонанд.Тавре раиси ҶМД Денис Пушилин изҳор дошт, президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ ба низомиён амр хоҳад дод, ки ба Донбасс ҳамла сурат гирад.Феълан дар вилояти Ростов урдугоҳҳо барои қабули гурезагон аз Донбассу Луганск созмон дода шудааст.Зикр гардид, ки 24 минтақа изҳори омодагӣ намуданд, ки гурезагонро аз ин ду ҷумҳурӣ қабул мекунанд.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan
Комментарии (0)