< Нарх дар кӯдакистонҳои Душанбе 10 сомонӣ зиёд шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нарх дар кӯдакистонҳои Душанбе 10 сомонӣ зиёд шуд

Нарх дар кӯдакистонҳои Душанбе 10 сомонӣ зиёд шуд


Пардохти пули тарбия ва нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии томактабии пойтахт аз 1 январ боло рафт.


“Дар кӯдакистон гуфтанд, ки бо қарори ҳукумат аз 1 январ нарх дар кӯдакистонҳо аз 100 то ба 110 сомонӣ афзуд”, яке аз волидони кӯдакон, сокини пойтахт Раҷабмо Шарипова ва ҳамчунин зикр кард, ки ба иловаи 110 сомонии маблағи тасдиқшуда онҳо боз 20-30 сомонии дигар ба мураббиён пардохт мекунанд.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ин робита шарҳ доданд, ки болоравии арзиши хизматрасониҳо дар кӯдакистонҳо ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳандаи ҳисоб вобаста аст.

“Мувофиқи қарор, маблағи пардохти пули тарбия ва нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии томактабии пойтахт ба ду нишондиҳандаи ҳисоб баробар аст. Аз 1 январ 1 нишондиҳанаи ҳисоб дар Тоҷикистон аз 50 то 55 сомонӣ боло рафт, аз ин рӯ нарх дар кӯдакитсонҳо низ 110 сомонӣ шуд”, - хабар дод корманди раёсати мазкур Абдураҳим Каримов.

Дар Раёсат ҳамчунин дигар навъҳои пардохтро инкор намуда, қайд карданд, ки қонуншиканон дар ин мавридҳо муҷозот мешаванд.

“Дар муассисаҳои давлатии томактабӣ касе ба талаби пардохти маблағи зиёдтар аз тасдиқшуда, яъне 110 сомониро надорад. Дар ҳамаи муассисаҳо нусхаи қарор овехта шуда, дар он маблағи пардохт нишон дода шудааст. Баъзан худи волидон барои мураббиён ҳар кадоме 20 сомонигӣ ҷамъоварӣ намуда, сипас шикоят мекунанд. Дар ҳолати ошкор шудани чунин ҳолатҳо, мо гунаҳкоронро ҷазо медиҳем”, - илова намуд Абдураҳим Қаҳҳоров.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 90 муассисаҳои томактабии давлатӣ ва зиёда аз 30 чунин муассисаҳои хусусӣ ва зертобеъи корхонаву ташкилотҳо фаъолият доранд. Дар кӯдакистонҳои хусусӣ маблағи пардохти хизматрасониҳо аз 200 то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий