Мусодираи беш аз 420 ҳазор дона маводҳои пиротехникӣ
Гарчанде мувофиқи қонунгузории кишвар воридот ва мавриди истифода қарор додани маводҳои тарфгарӣ манъ гардида бошад ҳам, мутаассифона, дар ҷомеа баъзе аз тоҷирону соҳибкороне ҳастанд, ки манфиатҳои худро аз талаботҳои қонунҳои амалкунанда боло гирифта ба муомилоти ғайриқонунии он даст мезананд.
Вобаста ба ин кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии чунин маводҳои тарканда, ки метавонад истифодаи он барои ҷомеа хавф дошта бошад, корҳои фаҳмондадиҳию оперативиро ба роҳ монда шахсоне, ки ба фурӯш ва истифодаи ин воситаҳои тарфгарӣ даст мезананд, дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб менамоянд.
Муайян гардид, ки ин маводҳои тарфгариро шаҳрвандон Исмоилов Саъдӣ, соли таваллудаш 1993, Назаров Самандар, соли таваллудаш 1998 ва Мараҳимов Ҷомӣ, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб, ба маблағи 10-ҳазор сомонӣ аз шаҳри Хуҷанд харидорӣ намуда, мехостанд ба шаҳри Кӯлоб интиқол дода, бо фурӯши он маблағ ба даст оранд.
Аз номбурдагон наздики 119 500 дона маводи тарфгарии навъи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино низ як ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводҳои пиротехникӣ ошкор гардида, ба миқдори 54-ҳазор дона маводҳои пиротехникии гуногунтамға дарёфту мусодира карда шуд.
Ҳоло нисбати далелҳои мазкур мутобиқи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо зикри далели мазкур аз тоҷирону соҳибкорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки талаботи ҳатмии қонунҳои амалкунандаро ҷиҳати пешгирии воридоту фурӯши маводҳои пиротехникӣ риоя намоянд.
Илова бар ин, аз тамоми падару модарон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, то фарзандони худро зери назорати қатъӣ қарор дода, нагузоранд бо истифода аз чунин маводҳои пиротехникии таркандаи гӯшхарош фазои осоиштаҳолии сокинону меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанберо дар рӯзҳои иду ҷашн халалдор созанд.
Комментарии (0)