< Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст

Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
​Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмони 372 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои беш аз 85 ҳазор ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ итттилоъ дод.

Иброз гардид, ки муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки то охири соли 2026 қисми зиёди иншооти маориф мавриди истифода қарор дода шаванд.

«Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 4488 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд»,-афзуд вазир.

Сохтмони иншооти маориф дар Тоҷикистон, аз ҷумла мактабҳо, боғчаҳо ва биноҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва сарпарастони гуногун амалӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».

Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ мавқеи меҳварӣ дошта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар радифи қонунҳои соҳавӣ, барномаву консепсияҳои миллии ҳукуматӣ ва давлатии муайянкунандаи фаъолият ва дурнамои соҳаи маориф паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва стратегӣ дар рушди соҳаи илму маориф аҳамияти хосса доранд.

Сарчашма:khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий