< Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд

Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон хароҷоти буҷети давлатӣ 97,2 фоизи нақшаро ташкил дод, ки ба 2 миллиарду 907 миллиону 432 ҳазору 896 сомонӣ баробар мебошад. Дар ин хусус 24 июл зимни нишасти матбуотии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар соҳаи саноат ба маблағи 6 миллиарду 241 миллиону 313 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Бо истифодаи индекси нарх суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,9 фоиз зиёд шуда, ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 18,5 фоизро ташкил додааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 443 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра дар ҳама категорияҳои хоҷагӣ 17 миллиарду 80 миллиону 211 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6,0 фоиз зиёд аст. Иброз гардид, ки аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 734 миллиону 296 ҳазору 100 сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 4,5 фоиз зиёд мебошад.

Сарчашма:Khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий