Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
3 апрели соли 2026 бо даъвати Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти сарварии Раис Қурбонов Баҳодир Низомович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Зимни мулоқоти корӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ, инчунин таъмини ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ зоҳир карда шуд.
Дар доираи сафар аъзои ҳайат бо қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд.
Механизмҳои табодули иттилоот ва ҳамкории амалӣ доир ба самтҳои асосии ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд.
Аз рӯйи натиҷаи гуфтушунидҳо ҳамдигарфаҳмии комил ҳосил гардида, қарорҳои ҳамоҳангшуда оид ба татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои муайяншуда қабул карда шуданд.
Источник: khovar.tj

Комментарии (0)