< Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
​Сарвари давлат таъкид намуданд, ки парҳезгорӣ, саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавону имкон кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд.

«Шахсе, ки дар ин моҳи муборак як амали нек ё як кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст», — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки яке аз амалҳои хайре, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки тибқи таълимот ва аҳкоми дини мубини ислом ба гирифтани фитри рӯза, дар навбати аввал, ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат ҳақ доранд.

Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ © фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий