< Трамп: “Ба таври ғайримустақим дар музокироти Эрон ва Амрико иштирок хоҳам дошт” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Трамп: “Ба таври ғайримустақим дар музокироти Эрон ва Амрико иштирок хоҳам дошт”

Трамп: “Ба таври ғайримустақим дар музокироти Эрон ва Амрико иштирок хоҳам дошт”
​Ба гузориши расонаҳо президенти Амрико шаби душанбе ба хабарнигорон дар посух ба ин савол, ки «аз ин музокироти Эрон дар Женева чӣ интизорӣ доред?» гуфт: «Ба таври ғайримустақим» дар музокироти Эрон ва Амрико иштирок хоҳад дошт ва «фикр мекунам онҳо (эрониҳо) мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд».

Вай дар мавриди чашмандози тавофуқ изҳор кард, ки Эрон ин бор барои музокира ангеза дорад ва «фикр намекунам, ки онҳо хостори паёмадҳои бадастнаомада бошанд».

Трамп тасреҳ кард: «Ин музокирот бисёр муҳим хоҳад буд ва хоҳем дид чӣ мешавад».

Президенти Амрико бо такрори иддаоҳои худ афзуд: «Эрон маъмулан музокиракунандаи сарсахте аст, музокиракунандагони хубе ҳастанд. Дар воқеъ ба назари ман, музокиракунандагони баде ҳастанд чун натавонистем бо онҳо ба тавофуқ бирасем ва маҷбур шудем (бомбафканҳои) Би-2‌-ро бифиристем то тавонмандии ҳастаии онҳоро аз байн бибаранд».

Президенти Амрико муддаӣ шуд: «Умедворам мантиқитар амал кунанд, онҳо мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд».

Трамп дар посух ба суоли хабарнигоре, ки пурсида буд, расидан ба тавофуқ тақрибан ғайримумкин аст, гуфт: «На, ман фикр мекунам онҳо мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд. Фикр намекунам онҳо паёмадҳои нарасидан ба тавофуқро бихоҳанд».

Музокироти ҳастаии ғайримустақими Эрон — Амрико рӯзи сешанбе, 17-уми феврал бо миёнҷигарии Умон дар Женеваи Швейтсария баргузор мешавад. Даври қаблии музокироти ғайримустақими Теҳрон- Вашингтон дар Масқат баргузор шуд, ки дар он ҳайатҳои музокиракунандаи Эрон ва Амрико, маҷмуе аз назарҳо, мулоҳизаҳо ва рӯйкардҳои худро аз тариқи Бадр Ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷаи Умон ба якдигар мунтақил карданд.

Ду тараф ин гуфтугӯҳоро «хуб» тавсиф ва барои тадовуми ин гуфтугӯҳо изҳори тамоюл кардаанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий