< Идомаи эътирозҳои ҳомиёни Имрон Хон дар Покистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Идомаи эътирозҳои ҳомиёни Имрон Хон дар Покистон

Идомаи эътирозҳои ҳомиёни Имрон Хон дар Покистон
​Аъзои ин ҳизб аз ҳукумати Покистон хостаанд, ки Имрон Хон, нахуствазири пешин ва бунёдгузори ин ҳизбро, ки дар зиндон бемор аст, ба шифохона интиқол диҳанд.

Тибқи гузоришҳо, биноии чашми рости Имрон Хон бинобар бемориаш 85 дарсад кам шудааст.

Тибқи гузоришҳо, гурӯҳе аз табибон барои дармони чашми Имрон Хон ба зиндон рафтаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки 12-уми феврал Додгоҳи олии Покистон ба ҳукумати ин кишвар дастур дод, то пеш аз 16-уми феврал заминаи мулоқоти Имрон Хонро бо пизишкони чашм ва низ тамоси телефонии ӯро бо фарзандонаш фароҳам кунад.

Имрон Хон аз соли 2023 ба ин тараф дар зиндоне дар шаҳри Равалпиндӣ ба сар мебарад. Вай ба чанд иттиҳом, аз ҷумла, фасоди молӣ гумонзад аст. Имрон Хон худро бегуноҳ шумурда, ин иттиҳомотро дорои ангезаи сиёсӣ медонад.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий