Трамп пас аз дидор бо Нетаняҳу: Музокирот бо Эрон бояд идома ёбад
Раисҷумҳури Амрико дар шабакаи иҷтимоии худ, Social Truth, дидор бо Бенямин Нетаняҳу ва намояндагони дигари Исроилро «бисёр хуб» хонд ва афзуд, «ҳеч тасмими қатъие гирифта нашуд, ҷуз ин, ки ман таъкид кардам музокирот бо Эрон бояд идома ёбад, то мушаххас шавад оё имкони даст ёфтан ба як созиш вуҷуд дорад ё не».
Трамп афзуд, ба нахуствазири Исроил гуфтааст, ки агар чунин созише ба даст биояд, «ин гузинаро беҳтар мешуморем».
Раисҷумҳури Амрико дар идома гуфт, ки агар созиш бо Эрон ҳосил нашавад, «бояд дид натиҷа чӣ хоҳад шуд».
Доналд Трамп бо ишора ба ҳамлаҳои Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар моҳи июни соли 2025 таъкид кард, бори қабл, Эрон тасмим гирифт, ки созиш накунад ва бо амалиёти низомӣ рӯбарӯ шуд ва ин барои онҳо натиҷаи хуб надошт. Умедворам ин бор мантиқитар ва масъулонатар амал кунанд».
Нахуствазири Исроил рӯзи 10 феврал ва пеш аз сафар ба Амрико гуфт, ки дар гуфтугӯҳояш бо Доналд Трамп мавзуи асосӣ музокирот бо Эрон хоҳад буд.
Расонаҳои гуногун гузориш доданд, ки Нетаняҳу дар дидор бо Трамп хостори сахтгирии бештари Вашингтон дар бораи барномаи мушакии Эрон аст.
Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи 11 феврал эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу дар дидор бо Доналд Трамп дар Кохи Сафед таъкид кардааст, ки амнияти кишвараш яке аз мавзуъҳои муҳим дар музокироти Амрико бо Эрон аст.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)