< “Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?

“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Имрӯз Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла, ки ду рӯз пеш аз сӯйи нерӯҳои вижаи Амрико рабуда шуд, дар додгоҳи федералии Ню-Йорк рӯбарӯи додрас қарор хоҳад гирифт ва алайҳаш иттиҳоми расмӣ эълон хоҳад шуд. Коршиносон рабудани раисҷумҳури як кишвар ва ба додгоҳ кашидани ӯ аз сӯйи Амрикоро «намоиши қудрат» ва «паём ба Чину Русияву Эрон» унвон карда, аз он нигаронанд, ки ин амал «низоми оламро барҳам мезанад».
 
Раисҷумҳури Венесуэла чӣ гуна рабуда шуд?ВВС менависад, ки Хадамоти марказии иктишофии ИМА (CIA) аз моҳи август ҳаракатҳои Мадуроро пайгирӣ мекард ва ҳатто нусхаи пурра аз «хона-қалъаи» ӯ дар Каракасро барои машқҳои нерӯҳои вижа сохта буданд.

Шаби 2 ба 3-юми январ беш аз 150 ҳавопаймои ҷангӣ ва ёридиҳанда аз 20 пойгоҳи гуногуни ИМА ва киштиҳои баҳрӣ ба Венесуэла ворид шуда, ҳамзамон ба пойгоҳҳои низомӣ ва дифои ҳавоии ин кишвар зарба заданд, дар ҳоле ки гурӯҳҳои вижаи нерӯҳои ИМА (Delta Force) бо чархбол ба наздикии қароргоҳи Мадуро фуруд омаданд.

Ба навиштаи ВВС, баъди даргирии кӯтоҳи мусаллаҳона, нерӯҳои вижа аз деворҳо ва роҳҳои зеризаминии хонаи Мадуро гузашта, ӯ ва ҳамсараш Силия Флоресро дастгир карда, бо чархбол «то ҷойи амн» интиқол доданд.

Трамп баъдан дар Truth Social аксеро нашр кард, ки дар он Мадуро бо либоси варзишӣ ва дасту чашмони баста, «дар киштии USS Iwo Jima» тасвир шудааст.



Муовини Мадуро раисҷумҳури муваққати ВенесуэлаДодгоҳи олии Венесуэла Делси Родригес, муовини Николас Мадуро, раисҷумҳури рабудашудаи ин кишварро раҳбари муваққатии Венесуэла таъин кардааст.

Ба гузориши расонаҳо, ин ниҳод рӯзи 3-юми январ гуфтааст, ки таъйини Родригес ба ин мақом «барои таъмини пайвастагии идорӣ ва дифои ҳамаҷонибаи миллат» муҳим аст.

Родригес қаблан ҳамлаи Амрико ба Венесуэларо «таҷовузи мусаллаҳона» хонда, онро маҳкум карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ҳукумати феълии кишвараш омодаи дифоъ аст.



Трамп аз «амалиёти низомии муваффақ» гуфтБа навиштаи Ройтерз, Доналд Трамп дар нишасти матбуотии 3-юми январ эълон кард, ки «Иёлоти Муттаҳида ҳоло Венесуэларо идора мекунад ва то як гузариши амну одилона ба ин кишвари зулмзада роҳнамоӣ хоҳад кард».

Ӯ гуфт, «амалиёти низомӣ муваффақ ва беназир» буд, дигар «диктатори фосид ва наркоторрорист аз қудрат дур карда шуд» ва ҳоло «бо адолати амрикоӣ рӯбарӯ мешавад».

Трамп афзуд, ки ширкатҳои бузурги нафтии амрикоӣ барои «таъмиру барқарор кардани инфрасохтори вайроншудаи нафтӣ» миллиардҳо доллар сармоя мегузоранд, ки ин, ба гуфтаи ӯ, «ҳам ба ширкатҳо ва ҳам ба мардуми Венесуэла манфиат меорад».

Айбҳое, ки Додситони кулли ИМА эълон кард

Ба иттилои ВВС, NPR ва CBS, Додситони кулли ИМА Пэм Бонди навишт, ки алайҳи Николас Мадуро ва Силия Флорес айб эълон шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Мадуро ба фурӯши маводи мухаддир, воридоти кокаин ва хариду фурӯши аслиҳа алайҳи Амрико муттаҳам мешавад. Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки алайҳи зани раисҷумҳури Венесуэла чӣ айб эълон гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, CBC менависад, Силия Флоресро низ ба иштирок ва баҳраварӣ аз қочоқу фасод муттаҳам шудааст.
 
Муҳокима имрӯз чӣ гуна ва дар куҷо мегузарад?​​​​​​​Расонаҳо менависанд, ки имрӯз, 5-уми январ, Мадуро ва эҳтимолан Силия Флорес дар Додгоҳи федералии ноҳияи Манҳеттени шаҳри Ню-Йорк дар назди додрас ҳозир мешаванд. Онҳо расман бо айбнома шинос мешаванд ва ба он посух мегӯянд.

Мурофиа ҳудуди соати 12:00–и рӯз ба вақти маҳаллӣ (соати 22:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад ва ба эҳтимоли зиёд, алайҳи раисҷумҳур ва ҳамсараш ҳабси пешакӣ эълон мешавад. Мадуро ҳоло дар боздоштгоҳи федералии «Metropolitan Detention Center» дар Бруклин нигаҳдорӣ мешавад.
 
Вокунишҳои давлатҳо ва созмонҳо​​​​​​​Рабудани раисҷумҳури Венесуэла мавҷи нигарониҳои давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро дар пай дошт. Ба навиштаи ВВС, Чин ин ҳодисаро «нақзи фаҳши соҳибихтиёрӣ ва қонунҳои байналмилалӣ» хонда, талаб кард, ки ИМА «фавран амалиёти низомиашро қатъ кунад».
Вазорати корҳои хориҷии Русия ин амалро «таҷовузи мусаллаҳона» нисбат ба Венесуэла номида, гуфт, «ин боиси нигаронӣ ва маҳкумияти амиқ шудааст».

«Баҳонаҳое, ки барои сафед кардани чунин амалҳо оварда шудаанд, беасосанд. Душмании идеологӣ бар мулоҳизаҳои амалӣ, инчунин бар омодагӣ барои бунёди муносибатҳо бар асоси эътимод ғолиб омадааст», — зикр шудааст дар изҳороти ВКХ Русия.Эрон ҳамларо «таҷовузи ошкор» ва «нақзи ошкори соҳибихтиёрӣ» унвон карда, аз кишварҳои минтақаи Амрикои Лотинӣ хост, ки муқобили ИМА мавқеи мушаххас гиранд.

Луис Инасиу Лула да Силва, раисҷумҳури Бразилия ҳамлаи ИМА ба Венесуэларо маҳкум карда, гуфтааст, ки «ҳамлаи якҷонибаи ИМА ба ҳамсоя» метавонад тамоми минтақаи Амрикои Ҷанубиро ба гирдоби ноустуворӣ кашад.

Пас аз ҳамлаи ИМА ба Венесуэла, аксари давлатҳои аврупоӣ, бидуни он ки Вашингтонро ба таври мушаххас нақд ва ин амалро маҳкум кунанд, асосан хостори эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ шуданд.

Аз ҷумла, Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки ИМА «принсипи истифода накардани зӯровариро, ки асоси қонунҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, поймол кардааст».

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар пайи ин ҳодиса «нигаронии амиқ» баён карда, хостааст, ки «ҳамаи тарафҳо аз истифодаи зӯр худдорӣ кунанд» ва ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Венесуэла эҳтиром гузоранд.

Дар айни замон, чанд кишвар — аз ҷумла Русия, Чин, Эрон ва Бразилия — даъват ба ҷаласаи изтирории Шӯрои амният карданд. Имрӯз бояд ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ баргузор шавад.



Шарҳи коршиносон ва паёмадҳо​​​​​​​Селест Камётек, коршиноси ҳуқуқи байналмилалӣ ба хабаргузории «Al Jazeera» гуфтааст, ки зарбаҳои ҳавоӣ ва рабудани раисҷумҳури дар сари қудрат буда амали «берун аз чорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ» аст.

Ба гуфтаи ӯ, ИМА агар ба ҳуқуқи байналмилал эҳтиром мегузошт ва онро риоят мекард, мебоист ризоияти СММ-ро гирад, дар ғайри сурат, ҳар гуна амалкард ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи байналмилалист.

Клэр Финкелштейн, профессори ҳуқуқ дар Донишгоҳи Пенсилвания ба Al Jazeera ҳамлаи ИМА ба Венесуэла ва боздошти Мадуроро «амали ҷангӣ» ёд карда, гуфтааст, «ҳеҷ асосе дар ҳуқуқи байналмилалӣ барои ин иқдом вуҷуд надорад».

«Оинномаи СММ ба ҳеҷ кишвар иҷозат намедиҳад, ки бе ҳамлаи мустақим ё иҷозати Шӯрои амнияти СММ, ба давлати дигар зарбаи низомӣ занад ва раисҷумҳури онро рабояд», — гуфтааст Финкелштейн.
Ӯ таъкид мекунад, ки далели мубориза бо қочоқи маводи мухаддир наметавонад баёнгари «дифои худ» бошад, зеро «ҳеҷ таҳдиди фаврӣ ва мустақим вуҷуд надошт».

Вай афзуд, ки «Мадуро ҳуқуқҳои шахсӣ низ дорад, аз ин рӯ, ин на танҳо поймол кардани соҳибихтиёрии Венесуэла, балки поймол кардани ҳуқуқҳои шахсии байналмилалии ӯ низ мебошад».

Милена Стерио, профессори Донишгоҳи давлатии Кливленд ба Reuters гуфтааст, «ҳатто агар Мадуро масъули қочоқи баъзе маводи мухаддир ба ИМА бошад ҳам, он ҳамлаи мусаллаҳона ҳисобида намешавад ва ба ИМА иҷозат намедиҳад, ки барои дифоъ аз худ аз зӯр истифода барад».

Александр Грей, собиқ роҳбари дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, ба Atlantic Council гуфтааст, ки «амалиёти ИМА дар Венесуэла паёме ба Пекин ва Маскав аст».

Томас Уоррик,  корманди аршади Ташаббуси Амнияти Ховари Миёна дар Скоукрофт, бар ин назар аст, «барканории Мадуро мавҷҳои такондиҳандаро дар Ховари Миёна ба бор хоҳад овард ва амалиёти рӯзи шанбе бояд роҳбарияти Эронро ба ташвиш орад».

Бар асоси таҳлили ВВС ва NPR ҳам, коршиносон мутмаинанд, ки ин амалиёт паёми мустақим ба Чин ва Русия низ мебошад: нишон додани омодагии ИМА ба истифодаи қувва барои барҳам задани низоми муттаҳидони онҳо дар нимкураи Ғарб.Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки чунин амалкард метавонад рақобати геополитикиро шиддат бахшида, ҳамкориҳои низомиву сиёсии Пекин ва Маскавро бо ҳукуматҳои мухолифи ИМА таҳким кунад.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи коршиносон ба ВВС ва «Al Jazeera» рабудани раисҷумҳур аз хоки кишвараш ҳодисаест, ки натанҳо низоми сиёсии Венесуэларо тағйир медиҳад, балки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалро зери суол мебарад. Ин амал метавонад «нишони қудрати ИМА» бошад, вале мухолифати ин кишвар бо Русия, Чин, Эрон ва дигар кишварҳои абарқудратро дар пай дошта метавонад. Ин амал метавонад низоми ташаккулёфта ва то ин замон пойбарҷои оламро барҳам занад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий