< Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид

Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
​Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар машварат роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ мушкилот ва имконияти таъмини маблағгузории афзалияти миллӣ ва пешбурди механизмҳои устувори ҷалби захираҳо дар доираи ҳамкорӣ бо ҳама шариконро баррасӣ намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иброз намуд, ки   маблағгузории устувор воситаи ниҳоят муҳим барои татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2016-2030», «Стратегияи иқтисоди „сабз“ барои солҳои 2023–2037» ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии иқлимии Тоҷикистон мебошад.

Татбиқи механизмҳои маблағгузории устувор ба мо имкон медиҳад, ки захираҳоро ба самтҳои афзалиятнок — аз энергетикаи барқароршаванда то мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона созем ва сатҳи некӯаҳволии аҳолиро баланд бардорем.

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Хайруллозода иброз дошт, ки мо аз шарикони байналмилалӣ барои дастгирии ислоҳоте, ки ба баланд бардоштани сифати маблағгузорӣ ва тавсеаи имконияти ҷалби захираҳо ба афзалияти миллӣ равона шудаанд, миннатдорем. Ин иқдом барои татбиқи абзорҳои нави маблағгузории устувор ва татбиқи лоиҳаҳое, ки фоидаи иҷтимоӣ ва иқтисодии дарозмуддат доранд, замина фароҳам меорад.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами гуфт, ки  «Тоҷикистон дорои биниши оянда, ирода ва иқтидори кофӣ барои сохтани модели муассири маблағгузории устувор мебошад. Он метавонад рушди иқтисодиро суръат бахшад, устувории ҷумҳуриро тақвият диҳад ва барои аҳолӣ натиҷаҳои назаррас оварад. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро дар ҷалби манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ аз даромадҳои давлатӣ то сармояи хусусӣ, маблағгузории имтиёзнок ва омехта, инчунин механизмҳои инноватсионии маблағгузории устувор — коғазҳои қиматнок дастгирӣ мекунад».

Дар машварат лоиҳаи «Харитаи роҳи маблағгузории устувори Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, аҳамияти банақшагирии стратегӣ, ҷалби сармояи хусусӣ ва тавсеаи абзорҳои маблағгузории устувор таъкид шуд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий