< Вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамкориро рушд медиҳанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамкориро рушд медиҳанд

Вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамкориро рушд медиҳанд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба рушди устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, таъмини шаффофияти буҷетӣ, барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ, аз ҷумла «сабз», густариши ҳамкорӣ бо ташкилоти бонуфузи молиявии байналмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки исломии рушд, инчунин фондҳои Арабӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Муовини якуми Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдулмуҳсен бин Саад Ал-Халаф доир ба фаъолияти Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Вазорати молияро барои идомаи мусоидат дар густариши фаъолияти фонд дар Тоҷикистон иброз намуд.

Ҳамзамон Абдулмуҳсен бин Саад Ал-Халаф омодагии Вазорати молияро барои ҷалби институтҳои молиявии Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ба монанди Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ, Фонди давлатии сармоягузорӣ, Гурӯҳи ҳамоҳангсози Араб, инчунин намояндагони бахши хусусии ин давлатро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баён намуд.

Ҳамсуҳбатон дар фарҷоми мулоқот барои густариши ҳамкории мутақобили судманд байни вазоратҳои молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий