< Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
​Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук ва  рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳо борон ва  барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошидати борону барф дар назар аст.  Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм,  рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳия бориши бошиддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм,  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар  як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Сарчашма:khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий