< Изҳори нигаронии додситонии кул аз вазъи беморхонаҳои Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Изҳори нигаронии додситонии кул аз вазъи беморхонаҳои Тоҷикистон

Изҳори нигаронии додситонии кул аз вазъи беморхонаҳои Тоҷикистон
Хизматрасонии тиббию санитарӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва табобати шаҳрвандон нақши ҳалкунанда дошта бошад ҳам, айни ҳол он қонеъкунанда нест.
Ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ошкор карда шуда, дар бисёр мавридҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешавад.
Истифодаи ғайримақсаднок ва азонихудкуниву исрофкории маблағҳои буҷетӣ, тамаъҷӯӣ ва содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ боиси ташвишу нигаронӣ гаштааст.
Сатҳи пасти корҳои пешгирикунанда ва муҳайё накардани шароити аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ муносиб боиси пайдо ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ гардидааст. 
Рӯзи 3 декабр дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Прокурори генералӣ, масъулини Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масъунияти одам, Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияи муосир, Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои ҳозима ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи мазкур натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣдар фаъолияти муассисаҳои Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣқарор до да шуд.
Оид ба масъалаи зикршуда ахбороти сардорони Раёсати марбутаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он шунида шуда, натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳолати иҷрои қонунгузории амалкунанда оиди хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби баъзе масъулини соҳа чандон ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар ин самт камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд ҷой доранд.
Хизматрасонии тиббию санитарӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва табобати шаҳрвандон нақши ҳалкунанда дошта бошад ҳам, айни ҳол он қонеъкунанда нест.
Ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ошкор карда шуда, дар бисёр мавридҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешавад.
Истифодаи ғайримақсаднок ва азонихудкуниву исрофкории маблағҳои буҷетӣ, тамаъҷӯӣ ва содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ боиси ташвишу нигаронӣ гаштааст.
Сатҳи пасти корҳои пешгирикунанда ва муҳайё накардани шароити аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ муносиб боиси пайдо ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ гардидааст.
Махсусан паҳншавии бемории ВНМО ташвишовар буда, чораҳои андешидаи мақомоти тандурустӣ дар ин самт нокифоя мебошад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор 67 пешниҳод ва 39 амр ирсол намуда, нисбати 92 нафар шахсони масъул истеҳсолоти интизомӣ, 277 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Бо қарори ҳайати мушовара дар назди масъулини вазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайрокуниҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ

Комментарии (0)

Оставить комментарий