Риш - анбӯҳи мӯи нодаркор
Вақтҳои ахир дар Тоҷикистон аз ҷониби ҷавонони ноогоҳ ришмонӣ муд шудааст. Ин тоифаи гумроҳу бефарҳанг ба ҷойи ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои Ватани азизамон, вале ин аблаҳон ҳамаро канор гузошта пушти ришро гирифтаанд. Муаммои ин ҳама ришпарастӣ дар чӣ ифода меёбад ва чӣ манфиате аз ин ҳама бармедоранд ин соҳибони риш ҳатто намедонад, танҳо як зоҳирпарастӣ, худнамоӣ дигар чизе беш нест.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз асосан нафароне ба риш часпидаанд тарафдорони ҳаракатҳои ифротии динӣ, аз ҷумла салафия, таблиғ ва ғайра мебошанд. Гурӯҳи дигаре баъди дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон худро ба мардуми қавқозтабор нисбат дода мисли онҳо ришҳои дарози бетартиб мемонанд ва дигар аблаҳоне, ки дар ҷомеа барои тарсу ҳарос ва бренди аъзоёни ҳаракатҳои террористиро рӯнамоӣ мекунанд. Баъзе аблаҳони фанатик бо ду тори риш онқадар меҳру муҳаббат доранд, ки ба хотири ин риши ба монанди «думи маркаб» тарки мекунанд, овораву гуреза мешаванд, ба созмонҳои террористӣ аъзо мегарданд.
Дар солҳои пештар дар кишвари мо чунин ришмониҳои бетартиб ба назар намерасид, ин рафтори аблаҳонаи ҷавонон танҳо баъди солҳои 90-ум бинобар муҳоҷират кардани сокинони мамлакат ба ФР, дигар кишварҳои исломӣ ва тавассути шабакаҳои интернетӣ ба амал омад, ки оқибаташ ба ҳама аён аст. Аллахсус ҷавонон бояд дар асри 21-ум дониши худро аз фанҳои риёзӣ, технологияи компютерӣ такмилу равнақ диҳанд, баръакс дар зери ин анбӯҳи мӯи нодаркор, яъне риш мондаанд. Маълум аст, ки дар қатори риш ин фарди бериё аз арзишҳои ифротӣ ҳам ҳимоя мекунад. Ин гуна ашхоси ришдори бемаданияту бефарҳанг дар ҷомеаи дунявӣ шахсони нодаркоранд, чунки ин фанатикҳо бо арзишҳои давлати дунявӣ мухолифанд ва ин ришдорон бо дунявият душмананд. Ин тоифаҳоро дар ҷомеаи дунявӣ низ ҳаргиз қабул надоранд.
Аз ин рӯ, бояд аз ҷониби Ҳукумати ҶТ қонуне ҷиҳати ба танзим даровардани шарту шароит ва қоидаҳои ришмонӣ вобаста ба сину сол қабул гардад. Ҳамзамон, бо истифода аз имкониятҳои шахсиятҳои маъруфи динӣ, олимони диншинос ташкил намудани суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ дар робита бо зоҳирпарастию риёкории ҷавонони тоҷик, хусусиятҳои риш, дар барномаҳои махсуси радио ва телевизиони марказӣ ва маҳаллӣ ташкил карда шавад.
С.Суҳайл
Комментарии (0)