Мезанам, дандонатро мешиканам... “ҷанги як ба як”-и як ҷавон бо корманди милиса (Видео)
Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки дар он як ҷавон пироҳанашро кашида, бо тани то миён луч як корманди милисаро ба ҷанги як ба як” даъват мекунад. Ҷавон зоҳиран маст аст ва корманди милиса ӯро чанд дафъа аз оқибати рафтораш ҳушдор медиҳад ва мегӯяд, ки метавонад ӯро боздошт кунад. Вале ҷавон ба корманди милиса ҳамла карда, чанд бор ӯро бо мушт заданӣ мешавад. Танҳо дар охир ба милиса муяссар шуд, ки ҷавонро бо кумаки як марди дигар ба замин афтонда, дастонашро ба пушт тоб диҳад. Сарнавишти ин ҷавон баъди ин ҳамла ба корманди милиса маълум нест.
Дар канали Parviz TV дар Ютуб видеое нашр шудааст, ки дар он як ҷавони зоҳиран маст бо корманди милиса қадбақад мешавад. Ӯ дар аввали навор милисаро айбдор мекунад ки: "Даррондӣ ту куртаи маро!”
Корманди милиса бо мулоимӣ ба ӯ мефаҳмонад, ки "майлаш, ҳозир ба шуъба меравем, баррасӣ мекунем.” Вале ҷавон кам наомада, батакрор аз корманди милиса талаб мекунад ки: "Ҳозир бидӯз куртаи маро! Фаҳмидӣ?”
Корманди милиса ҷавонро ҳушдор медиҳад, ки таксиронҳо ҳама шоҳиди зиндаанд ва агар ӯро ба шуъба баранд, оқибаташ бад мешавад. Аммо ҷавон ба таҳдид мегузарад ва хитоб ба милиса мегӯяд: "Гӯш кун маро! Ҳозир нокаут мезанамат! Нокаут! Бовар мекунӣ?”
Ҷавон, ки ба зоҳир ягон 20-25 сол дорад, сипас пироҳанашро аз тан кашида, ба замин мепартояд ва бо тани то миён луч ба истилоҳ "стойка” гирифта, барои "ҷанги як ба як” ва "нокаут задан”-и корманди милиса тайёрӣ мегирад.
Ӯ бо нияти ҳамла ба тарафи милиса наздик шудан мегирад ва ҳамзамон ӯро дашномҳои қабеҳ дода, таҳдид мекунад, ки "нокаут мезанам, мемирӣ! Мезанам, дандонат мешиканад!”
Корманди милиса дар ҳоле ки ақиб мерафт, боз ҳам бо мулоимӣ ба ҷавон мефаҳмонад, ки ӯро ба шуъба барад, барои гапҳои задааш ҷавоб хоҳад дод.
Аммо ҷавон "Ту чӣ, метарсӣ?” гӯён бо дашномҳои қабеҳ ба ҳамлааш ба тарафи милиса идома дода, чанд дафъа аз гиребони ӯ мегиред ва талош мекунад, ки бо даст ӯро бизанад.
Танҳо дар анҷоми видео, ки қариб ду дақиқа аст, ба корманди милиса муяссар шуд, ки бо кумаки як марди дигар ин ҷавонро ба замин афтонда, дастҳояшро ба пушт тоб диҳад.
Маълум нест, ки ин лаҳзаи қадбақади ҷавон бо корманди милиса кай ва дар куҷо сабт шудааст. Вале аз пештоқи як бино дида мешавад, ки ин ҳодиса дар назди як толори боулинг бо номи "Tajbowling” рух додааст.
Сарнавишти ин ҷавон баъди кӯшиши ҳамлааш ба корманди милиса низ маълум нест. Аммо бар асоси моддаи 328-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият, аз ҷумла кормандони милиса, ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор сомонӣ) 1 корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ваё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ шудааст.
Моддаи 330-юми Кодекси ҷиноятӣ барои таҳқири намояндаи ҳокимият ҳамчун ҷазо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 189 то 240 соат, ё ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 нишондиҳанда (яъне то 50 ҳазор сомонӣ) ваё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз ду моҳ то як солро пешбинӣ мекунад.
Агар ба парвандаи ин ҷавон моддаи 237 (авбошӣ)-ро низ ҳамроҳ кунанд, ӯро метавонанд барои ин рафтор дар сари мастӣ ҳатто то 5 сол маҳкум ба зиндон кунанд.
Комментарии (0)