
Lutfillozoda Karomatillo дар гуруҳи «Новости Пенджикента, Хабарҳои Панҷакент» дар Фейсбук видеои худро аз болои пул (купрук) партофтани як духтарро нашр кардааст. Дар видео дида мешавад, ки ин духтар дар поён дар рӯи замини пурсанг хобидааст ва гоҳ-гоҳ дасту пояшро меҷунбонад. Тавре ба назар мерасад, ин духтар қасди худкушӣ кардааст. Ҳодиса субҳи 5 июл дар шаҳри Панҷакент рӯй додааст. Тафсилоти дигари қазия ва кӣ будани духтар ва чаро даст ба чунин кор заданаш ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Панҷакент ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Видеоakhbor.com
Комментарии (0)