< Аксҳои маҳбусони ҳалокшуда » Независимое информационное агентство. «ҲАМСИНФ»

Аксҳои маҳбусони ҳалокшуда

Аксҳои маҳбусони ҳалокшуда
Рӯзи 8 июл ҷасадҳои маҳбусони рӯзи 8 июл ҳалокшударо барои дафн ба наздиконаш супурданд. Дар Интернет ду акс аз маросими видоъи наздикон бо Валиҷон Одинаев, сокини 43-солаи деҳаи Бағалак аз Ҳисор нашр шудааст, ки дар сару рӯи варами зиёд дида мешавад. Идораи зиндонҳои вазорати адлия гуфт, рӯзи 7 июл ҳангоми интиқоли 128 маҳбус аз маҳбасҳо ва боздоштгоҳҳои Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе 16 нафари онҳо дар роҳ бар асари истеъмоли 3 нони хлеб заҳролуд шуда ва аз ин шумор 14 нафараш ҷон додаанд.

Рӯзи 8 июл мақомот ба наздиконашон супурдани ҷасадҳои маҳбусони ҳалокшударо оғоз карданд ва алакай чанд нафари онҳоро дар зодгоҳҳояшон, аз ҷумла Некқадам Солиҳовро дар ноҳияи Варзоб ба хок супурдаанд. Некқадам Солиҳов барои он маҳкум ба зиндон шуда буд, ки як дафъа бародари ба Сурия рафтааш ба ӯ занг зада, аҳволи аҳли оилаашонро пурсидааст. Ӯ 23 июл ба синни 34 мерасид.

Ҳамин тавр, дар Интернет ду акс аз маросими видоъи наздикон бо Валиҷон Одинаев, сокини 43-солаи деҳаи Бағалаки Ҳисор нашр шудааст. Дар аксҳо дар сару рӯи Одинаев варами зиёд дида мешавад ва ба ин далел, бисёриҳо фарзияи мақомот дар бораи бар асари истеъмоли хлеб заҳролуд шудану ба ин иллат ҳалок шудани маҳбусонро зери суол гузоштаанд.


Комментарии (0)

Оставить комментарий