Кӯлоб - устухоне дар гулӯи оппозитсия
Мулло Абдураҳими кӯлобӣ
Нақшаи аввали онҳо он буд, ки Кӯлобро дар дохили худ ноором созанд. Барои ин имкониятҳо буданд. Аввалан, оппозитсия дар Кӯлоб низ дар шахси Мулло Абдураҳим Каримов (оне, ки дар поси шаби июнмоҳи с.1993 ба погранзаставаи 12-уми Сариғори н.Шӯрообод ҳамла карду имрӯз дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Абуҳанифа Имоми Аъзам мударрис аст!!!) ва пайравони ӯ (аз ҷумла, Махсуми Абдусатторе, ки ҳафтае пеш дар зиндони «Кирпичный»-и ш.Ваҳдат аз ҷониби ҳаводорони ДИИШ кушта шуд) тарафдорони худро дошт.
Ҳатто ҳукумати маҳаллӣ барои ин ашхос барои сохтани масҷид замин ҷудо кард. Ваҳҳобиён бошанд, масҷидро ба ҷои машқи каратэ ва анбори яроқу аслиҳа табдил дода будаанд. Аз дигар тараф бошад, қозӣ Тӯраҷонзода ҳанӯз ҳангоми муқобилияти 2 майдон, баъзеҳоро бо пулу мол фирефта, баъзеҳоро ба фанду фиреб ҷониби худ кашида, яроқнок карда буд.
Ана ҳамин гурӯҳҳо, тибқи фармони махсус, дар гӯшаву канорҳои мухталифи собиқ вил.Кӯлоб ба бенизомӣ, шӯрангезиҳо ва дигар амалиётҳои террористӣ оғоз намуданд. Онҳо ҳатто якчанд муддат тавонистанд, ки авзои сиёсии вилоятро ноором созанд. Ҳатто дар н.Восеъ даргириҳо ба вуқӯъ пайваста, хуни одам рехт. Аммо роҳбарияти вилоят ва қумандонҳои Горди миллӣ тавонистанд, ки қувваҳои худмуҳофизатиро ба як марказ муттаҳид намуда, даррав ин нооромиро пушти сар намудем. Қозӣ саркардагони дар муҳосираафтодаашро бо чархболи ҳукуматӣ наҷот дод. Диданд, ки тирашон дар ин бобат хок хӯрд, дигар роҳро пеш гирифтанд - муҳосираи иқтисодӣ.
Мулло Абдулло дар «Ҳаммоми Туркманистон»
Тӯли қариб 7 моҳ аз маркази ҷумҳурӣ ба Кӯлоб ягон кило молу мавод намерасид. Қозӣ ва ҳамроҳонаш мехостанд, ки мардуми Кӯлобро гурусна мононда, бо ин сархаму мутеъ созанд. Вале, мо - роҳбарон тавонистем, ки ҳолати аслии вазъиятро ба тамоми роҳбариятҳои ҷумҳуриҳои муштаракулманофеъ, собиқ вил.Ленинобод эълон дорем. Заҳматкашони вил.Ленинобод, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳо ба кӯмаки мо расиданд. Раиси комиҷроияи вил.Ленинобод, ҳокими вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қариб ҳар рӯз ба ман занг зада, аҳволи мардумро мепурсиданд, тавассути роҳи ҳавоӣ маводи хӯрока мефиристоданд. Ҳатто аз Амрикои дурдаст оҳу нолаи мардуми Кӯлоб ва даҳҳо ҳазор гурезаҳоеро, ки дар ин сарзамин манзили муваққатӣ гирифта буданд, шунида ба кӯмак шитофтанд. Ҳукумат бошад, гӯё ҳам кар шуда буду ҳам гунг.
Қувваҳои мухолифин зимни ҳуҷуми мусаллаҳонаи худ, ки такрор мекунам, субҳи барвақти 20.06.1992 оғоз ёфт, бо намоиши қувваву аслиҳа ва қатлу ғорати бераҳмона ҳамаро ба даҳшат оварда, бо ин ғалабаи пурраву қатъӣ ба даст овардан мехостанд. Онҳо зери парчами ислом ва демократия паноҳ шуда буданд.
Моҳи июни с.1992 сарварони ваҳҳобия бо ташаббуси мулло Абдулло бо мақсади қасосгирӣ аз мардуми баромадашон хатлонӣ дар шоҳроҳи Қурғонтеппа-Вахш дидбонгоҳҳои ба ном худмуҳофизатӣ таъсис доданд. Танҳо бо 1 мақсад: тарсонидани мардуми ба ору номус, мардуме, ки ҳақиқат меҷӯянд ва дар роҳи ҳақ ба шӯр омадаанд. Ифротиён бо мақсадҳои нопок одамони бегуноҳро ба гарав мебурданд. Марде, пирамарде, модаре, бародаре бо ягон ният субҳгоҳон ба сафар мебаромаданд, то ки аз дидори якдигар, аз дидори ёру дӯсте, хешу ақрабое дидан кунанд: бисёриҳо маҳз бо ин мақсадҳо рахти сафар мебастанд.
Зикир - ҷаллоди ҳаммоми Туркманистон
Гурӯҳи дигари ифротиён бо сарварии Саидаҳмад Хушмуродов, ки ба он Давлати милиса, Гадои хунхор, Аҳмади «рыбак» ва мулло Қосим, ки як вақтҳо бо номи «Костя» маъруф буд, дохил мешуданд, мардумро дар дидбонгоҳҳо нигоҳ дошта, пешандоз карда мебурданд. Сад азобу шиканҷа медоданд, якеро гӯш мебуриданд, дигареро забон ва савумиро ахта мекарданд. Дертар аз ин ҷо ҷисми беҷони ҷавонмарде ёфт шуд, ки мушташ фишурда, даст ба само шах шуда буд. Яке аз ҷаллодони хунхор - Зикири «таксибон», ки ба коми тифлон муми гарм мерехт, бо ҷаллодӣ «шӯҳратёр» гардид. Кашшофони марг асбобҳои бемористонро ба ҳаммом мебурданд, то одамонро тавассути онҳо чок-чок намоянд. Ҷарроҳон Асомиддин Латифов ва Маҳмадрӯзӣ Пиров акнун одамонро табобат не, балки қатл менамуданд… Аксарияти ин воқеаҳои махуф дар ин ҳаммом рӯй медоданд!
Моҳии дарёи Вахш фақат одам мехӯрд!
Ҳамин тариқ, муддати 7 рӯз н.Вахш ба майдони ҳарбу зарб табдил ёфт. Аз ҳар 2 тараф ҳам қурбониҳо хеле зиёд буданд. Дарёи Вахш пури ҷасади беҷони одамӣ шуд ва моҳиҳо акнун гӯшти одам мехӯрданд. Дигар акнун ҷанги хеле даҳшатноки бародаркушӣ аниқтараш худкушии миллати тоҷик оғоз ёфта буд. Мо ҳарчанд мекӯшидем, ки пеши роҳи ин ҷанги бародаркушӣ гирифта шавад, хунрезӣ бас гардад, бефоида буд. Ҷанг торафт доман паҳн мекард. Дар ин рӯзҳо роҳбарияти комиҷроияи собиқ вил.Кӯлоб низ пайваста кӯшиш дошт, ҳатто бо гузаштаҳои зиёде низ розӣ буд то ин бӯҳрони шадиди сиёсиро пушти сар намояд. Баъди 1 моҳи ҷанги худкушӣ ман ба халқи тамоми ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, онро тавассути маркази иттилоотии «Ховар» паҳн намудам. Бо ин амал бори дигар кӯшидам, ки аз номи ҳукумати расмии вилоят мардумро ба сулҳу салоҳ даъват намоям ва мавқеи сулҳдӯстонаи мардуми Кӯлобро як бори дигар ба ҳама эълом дорам. Ва матни муроҷиатнома чунин буд:
ҲММ барҳам дода шавад
Бародарон, хоҳарон, падарон, модарон ва ҳамаи мардуми Тоҷикистон!
Тоҷикистон, ки гаҳвораи мост ва дар он парвариши лозимии худро дидаем, қарзи миллӣ, ватанӣ ва ҳаққи инсонии ин зодгоҳ ва ин марзу бум ба гардани мост, зарур аст онро нигоҳ ва посдорӣ кунем. Аҳамияти таърихии кишвари мо он аст, ки аз қаламрави густурдаи Сомониён қитъаи хоки кӯчаке ба номи Тоҷикистон номгузорӣ шуда, мерос мондааст. Албатта натиҷа маълум аст: кишваркушоҳо ва сиёсатмандони бегона чунин маҳдудиятҳо ва рӯзгори мушкилро ба сари мо овардаанд. Бояд афзуд, ки мо мақсади дуборасозии марзҳои пешинро надорем, фақат мехоҳем вазъият ва кашмакашиҳои хунини Тоҷикистонро баъд аз истиқлол андак таҳлил намоем… Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ дар вазъияти душворе қарор дорад, ки наметавон ҳадди аққал онро худкифоя гуфт. Ба чӣ далел? Сиёсати бегонагон сабаб буд, ки роҳбарии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бо дасти тоҷикон сурат намегирифт. Ҳарчанд ислоҳот дар 70 сол дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадааст ва арзишҳои чашмгире низ дорад. Аммо барои давлати мустақил, ки дар пайванд бо кишварҳои байналмилалӣ ва ҳамсояҳои худ метавонист аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тибқи шароити замон баромаде дошта бошад, ноқисиҳои зиёде ба назар мерасанд. Зеро иқтисоди мавҷудаи мо ҷавобгӯи хости замон нест, сохтори давлатӣ ва иқтисодие, ки мероси сусиёлизм аст, ба шароити иқтисоди бозори озод ҳамсӯии чандоне надорад. Қадри ҷомеа дар сатҳи маънавию сиёсӣ ва фарҳангии пешин тарбия ёфта камтар метавонад, ки гироишҳои нав, андешаҳои даврони демократӣ ва хости башари озод робита дошта бошад, ҳал намояд.
Ҳаводиси хунини ҷомеаи мо, кашмакашиҳо ба 70 соли гузашта беробита набуда, решаҳои амиқи он дар низоми пешин нуҳуфта будааст. Ба ҳар ҳол сари ин ришта дароз аст, ҷои баҳсу кашидани он ин ҷо нест. Ҷони гап дар дигар ҷост: Тоҷиконе, ки мақсади ягона доранд, барои чӣ ба муқобили якдигар ханҷар кашидаанд, хуни ҳамдигарро мерезанд?! Бо номи маҳалгароӣ ва ину он аз амали худ ифтихор мекунанд ва барои бегуноҳии худ далел метарошанд. Ин дур аз инсоф аст ва ҳеҷ хираде онро қабул надорад. Рӯзе таърих ҳамаи онро гунаҳгор мешуморад. Барои чӣ? Барои он ки баъд аз Сомониён дар қисмати кӯҳистон Тоҷикистони кӯчаке насиби мо шудааст, ки истиқлол ёфтааст. Бояд халқро барои посдориву пешрафт ва муҳофизати он омода месохтем. Аммо то ба он дараҷае нотавон баромадем, ки натавонистем халқро барои рушду инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистон муттаҳид нигоҳ дорем. Таърих ба ҳама рафтору кирдори мо қазоват хоҳад кард. Дар ин ҷо ҳамин ишораро кифоя медонем ва мегӯем, ки роҳи илоҷ ин нест, мо ҳамдигарро тӯҳмат бизанем ва худро ҳамакораву тавонову доно ва ҳақ шуморему паси парда ҳизбсозиву созмонсозиҳоро идома дода, бо номи ину он дар байни халқ тафриқа оварда, сафбандӣ эҷод кунем.
Биёед, ин ҳарфҳоро фаромӯш кунем! Худро танҳо набинем. Халқу мардум ва Тоҷикистонро бештар дида, ба он арзиш ва ҳурмат бигузорем. Ин аст хиради сиёсӣ ва мардумдӯстӣ! Гуфтугӯҳо нишон доданд: мо аз масъалаҳое, ки гузаштанд, ҳидояту ривоят мекунем. Беҳтар аст роҳи ҳалли масъалаҳоро ёбем. Банда худро яке аз масъулини Хатлонзамин ва фарзанди тоҷику Тоҷикистон медонам ва дар робитаи масъалаҳое, ки воқеъ шуда, мухтасар пешниҳод мекунам:
-Парлумон, ки дар натиҷаи рақобату хунрезиҳо хонда шудааст, ҳарчӣ тезтар дар асоси бисёрҳизбӣ интихоб карда шавад.
-Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ (ҲММ), ки дар натиҷаи кашмакашиҳову гирдиҳамоиҳои майдонҳои Шаҳидон ва Озодӣ ба вуқуъ омадааст, тамоман барҳам дода шавад.
-Ҳукумати муваққатие аз ашхоси донишманду некному бетараф, ки дар таркиби он намояндагони ҳамаи вилояту маҳалҳо ва ашхоси сазовори боварии аҳзобу созмонҳо ворид бошанд, ташкил карда шавад.
-Ҳамзамон шароити баргузории интихоботи парлумонӣ дар давоми кори ҳукумати муваққатӣ, ки давомаш бештар аз 6 моҳ беш набошад, дар назар гирифта шавад. Ин парлумон бо назардошти асоси демократӣ озодии баён, матбуот, ақида дур аз ҳар гуна фишор, зӯроварӣ ва диктатурӣ баргузор шавад. Халқ битавонад, ки намояндаи худро дар парлумон бо хости худаш интихоб кунад.
-Замоне, ки парлумон интихоб шуд ва ишғоли вазифа намуд, ҳукумати муваққатӣ барҳам дода шавад. Аз ҷониби раиси ҷумҳур сарвазир таъин карда шавад. Сарвазир ва аъзои ҳукумат барномаи худро пешбарӣ намуда, аз парлумон овоз бигиранд.
-Пеш аз он ки ин пешниҳод амалӣ шавад, бояд тамоми гордҳову штабҳои низомӣ барҳам дода шаванд.
-Давлат бидуни қувваи мусаллаҳ буда наметавонад. Қувваи мусаллаҳ аз фарзандони Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шавад, ки он ба ҳеҷ ҳизбу созмон тааллуқ надошта бошад. Вазифаи ин қувваи мусаллаҳ посдорӣ аз тамоми қаламрави Тоҷикистон ва номуси миллӣ, ҳимоя аз ҳукумат ва давлати қонунӣ, ки бо интихоби аксарияти мардум ба вуҷуд овардааст, бошад.
-Сарҳадоти ҷанубии Тоҷикистон қобили ташвиш аст. Тавре огоҳем, аз ин ҷову он ҷои сарҳад силоҳ ва маводи нашъаовар мегузаронанд. Аз як тараф ин ҷомеаи моро ба хоку хуну вайронӣ мекашанд ва аз дигар сӯ фарзандони ватаниро ба маводи нашъаовар одат кунонида, ба марги тадриҷӣ гирифтор месозад.
-Расонаҳои хабарии давлатӣ, аз ҷумла, садову симо, бояд сиёсати ҳукумати қонуниро таблиғ намуда, мардуми ҷумҳуриро аз воқеоти ҷаҳон огоҳӣ бидиҳанд. Набояд ВАО чун воситаи таблиғ дар дасти ин ё он ҳизб бошад.
-Идораи давлатӣ, ки дар асоси сиёсат ва нормаҳои пешин ба вуҷуд омадааст, ҷавобгӯи шароити замон нест. Ташкилоте, ки ба дард намехӯрад ва аз киссаи халқ харҷ мекунаду сабаби бюрократии зиёд шудааст, бояд ислоҳ гардад.
-Иқтисоди ҷомеаи сусиёлистӣ бо колхозу совхозҳо устувор аст. Бо ин сохти иқтисодӣ ба бозори озод рафтан на танҳо мушкил, балки номумкин аст. Бояд сохти иқтисодии ҷомеаро иваз кард ва ба сӯи бозори озод қадами амалӣ гузошт.
…Дар натиҷаи кашмакашиҳои ҳизбию сиёсӣ хуни фаровон рехт. Мардуми мо ғам дорад ва ҳамаи мо дар ин рӯзи сахту мусибат бояд худро шарику ҳамдами якдигар донем. Ҳамаи онҳое, ки қурбони ин ҳаводиси талх шудаанд, бародарону фарзандони ҳамаи моянд, ки ба рӯҳашон дуруд мефиристем. Тоҷик миллат аст ва таърихи дурахшон дорад. Ба маҳаллаҳо тақсим кардани Тоҷикистон бехирадиву ҷаҳолат аст. Имрӯз ба хотири ваҳдати мардум бояд аз ҳодисаҳои аламноки гузашта чашмпӯшӣ кунем. Барои чӣ? Агар мо аз пайи гирифтани интиқом бошем, ҷомеаро бештар вайрон ва хуни ҳамватану бародарони худро бештар мерезем. Бинобар он, ба хотири нигоҳ доштани сулҳ дар Ватан ва пешрафти ҷомеа, наҷот аз худкушиву бародаркушӣ савоб ва ба маврид медонем, ки ҳамдигарро бубахшем.
Ҳамватанони азиз! Ман ба ҳайси фарзанди тоҷику Тоҷикистон ба шумо муроҷиат мекунам, аз шумо мадад мехоҳам ва чунин хоҳиш дорам, ки роҳи хайру салоҳ ва худову расул, ин роҳи инсонгарӣ роҳи пешрафту тараққиёти ҷомеа дар ҷанги бародаркушӣ ва маҳалгароӣ нест. Баръакс, роҳи пешрафти ҷомеа-инсондӯстӣ, бародариву баробарӣ, ягонагии миллат аст. Иҷозат надиҳед, ки бо номи ҳизбу маҳаллу қавм ғаразгӯён ва сиёсатмадороне, ки шогирдони мадрасаи истибдод буданд ва ҳастанд, аз нифоқи мардум фоидаи ояндаро дар назар доранд, ба орзую ормонашон бирасанд. Ба по хезед ва ба ҳақиқат ҳамроҳ шавед, ғаразгӯёну ҷудоиандозонро дар сафи худ роҳ надиҳед, аз ҳақиқату адолат дифоъ бикунед, то ба ҳаёту зиндагониамон осудагӣ биоварем, то битавонем зарарҳои таърихии гузаштаро дар сулҳ ва ягонагии миллатамон бартараф намоем.
Бо орзуи сулҳ, бародарӣ, баробарӣ дар сарзамини Тоҷикистони мо!
Искандаров: Роҳбарон гурехтанд!
Инчунин дар он рӯзҳо, ба гумонам дар нимаи дувуми моҳи июли с.1992 буд, вохӯрии депутатҳои халқи Шӯрои Олии Тоҷикистон аз Кӯлоб ва раисони комиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо бо раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Акбаршо Искандаров ва дигар намояндагони Шӯрои Олӣ баргузор шуд. Вохӯриро ман ифтитоҳ намуда, ба А.Искандаров сухан додам. Биёед, барои дарки амиқи вазъият ва масъала стенограммаи мухтасари ин ҷаласаро ба шумо пешкаш намоям!
Бори дигар такрор мекунам, ин вохӯрӣ дар айни шиддати бӯҳрони сиёсӣ, ҳангоми авҷи ҷанги бародаркӯш сурат гирифта буд.
Рафиқ Искандаров оид ба вазъи имрӯзаи ҷумҳурӣ сухан ронда, аз ҷумла, гуфт, ки «вазъият дар вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло вил.Хатлон) басо мураккабу ташвишовар аст. Чандин бор кӯшиш ба сулҳу салоҳ даъват кардани мардум шуда бошад ҳам, бо сабабҳои номаълум оромӣ ба даст наомад. Масалан, дар гуфтушуниде, ки байни намояндагони вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа доир шуда буд, аз 12 пункт 9-тояш тасдиқ шуд. Аммо дар бозгашти намояндагон боз хунрезӣ ба вуҷуд омад, боз нобовариву кинаварзӣ сар шуд. Дастаҳои мусаллаҳ ба сари мардуми бесилоҳ ҳамла овард ва хуни ноҳақ рехт. Халқ аз тарси ҷону ҳифзи кӯдакон ба кӯчбандӣ сар карданд. Бисёриҳо роҳи Ӯзбекистону вилояти Кӯлобро пеш гирифтанду хонаҳо бекас монд. Баъди ин дуздиву ғоратгарӣ ва сарватҷамъкунӣ сар шуд. Мулк бесоҳиб монд. Идора намудани халқ, ноҳия, хоҷагиҳо мушкил гардид. Роҳбарон дар идораҳояшон нестанд, органҳои маъмурӣ кор намекунанд. Масалан, дар н.Вахш аз 110 корманди милиса ягон кас кор намекунад, суду прокуратура вуҷуд надорад. Чунин аҳвол ба н.Бохтар (ҳоло Кӯшониён) низ мансуб аст. Дар Душанбе вазъият нисбатан мӯътадил аст. Аммо дар ин ҷо ҳам дуздиву ғоратгарӣ ҷой дорад. Дастаҳои авбошон бо силоҳ рӯйрост дуздӣ мекунанд. Инро ҳама медонанд. Ҳукумати муросои миллиро пурра ба расмият намешиносанд. Сарҳад ноором аст. Вайронкунии он тез-тез мушоҳида мешавад. Одамони оппозитсия аз он тарафи сарҳад яроқу аслиҳа меоранд…».
Искандаров дар андешаи Сессияи 16
Масъалаи дигаре, ки рафиқ Искандаров сари он истода гузашт, гузаронидани Сессияи Шӯрои Олӣ ва рӯзномаи он буд. Оид ба гузаронидани ҷои сессия фикрҳо мухталифанд, - гуфт ӯ. – Яке Хуҷанду Панҷакент мегӯяду дигаре Душанбеву Кӯлоб. Оид ба рӯзномаи сессия низ фикрҳо ҳамин тавранд. Бо ҳамин мақсад, яъне муайян кардани ҷои сессия ва масъалаҳои он ба вилоятҳо рафта, фикри депутатҳоро фаҳмиданием ва имрӯз бо ҳамин мақсад мо ба Кӯлоб омадем, - гуфт А.Искандаров. – Бисёр мехостем депутатҳо фикрҳояшонро оид ба маҷлиси миллӣ, Шӯрои давлатӣ, интихоби ноиби раиси ҷумҳур, парлумон ва раиси Шӯрои Олӣ, ки дар сессия дар ин бора сухан хоҳад рафт, иброз доранд. Маслиҳатҳо боиси мӯътадил гузаштани сессия мегарданд.
Дар охири суханронияш Искандаров - иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олӣ аз вазъи имрӯзаи ҷумҳурӣ изҳори ташвиш карда, арз намуд, ки «агар гуфтан ҷоиз бошад, Ҳукумати Тоҷикистон ба касалии фалаҷ гирифтор шудааст ва имрӯз дигар худро идора карда наметавонад. Дар ҳама ҷо дурӯғгӯӣ, нобоварӣ, ҳис накардани масъулият ба чашм мерасад. Суду прокурор бечораанд. Аз болои гунаҳгоре делои ҷиноятӣ кушода наметавонанд. Агар гунаҳгореро ҷеғ зананд ҳам одамони мусаллаҳ ба ҳимояи ӯ бармехезанд. Қариб ҳар як ҷинояткор ҳимоятгари худро дорад. Мо кафолатномаи ҳимояи депутатҳоро тартиб додем. Аммо органҳои салоҳиятдор онро имзо накарданд, ки бехатарии депутатҳоро ҳимоя карда наметавонем».
Источник: akhbor.com
Комментарии (0)