< ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони ноҳияи Ёвонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ботантана гусел намуданд » Независимое информационное агентство. «ҲАМСИНФ»

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони ноҳияи Ёвонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ботантана гусел намуданд

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони ноҳияи Ёвонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ботантана гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба  Рӯзи даъватшаванда ва гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар оғози ҳамоиш роҳпаймоии идонаи ҷавонони даъватшаванда ва наваскарон доир шуд. Ҷавонони ватандӯст бо шиорҳои ифодагари муҳаббат ба Ватан, садоқат ба Ватан-Модар ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ, бо қадамҳои устувору ҷавонмардона ба макони баргузории чорабинии тантанавӣ раҳсипор гардиданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва афзун намудани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.

Таъкид шуд, ки хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони ватандӯст мактаби обутоби ирода, ҷавонмардӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аст.

Дар ҳамоиш ба ҷавононе, ки дар даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагии назди «Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа» дар ноҳия таҳсил намудаанд, шаҳодатномаҳо тақдим карда шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки тарбияи ҷавонони ватандӯсту худшинос ва омода намудани онҳо ба ҳифзи Ватан масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва оила мебошад.





сарчашма: Khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий