< Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад » Независимое информационное агентство. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад

Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «СҲШ дар давраи нав: аз ҳамдигарфаҳмӣ то ҳамкории амалӣ» баргузор мешавад.

Дар кори форум директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок менамояд.

Дар ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои мавзуӣ иштирокчиён нақши воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилиро дар таҳкими эътимод байни давлатҳо, рушди ҳамкории байналмилалии иттилоотӣ, табдили рақамии фазои расонаӣ, густариши ҳамкории башардӯстона ва ҳамчунин масъалаҳои муҳими фазои иттилоотии ҷаҳонӣ баррасӣ менамоянд.

Дар кори форум ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма, марказҳои таҳлилӣ ва созмонҳои дахлдор тақрибан аз 26 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва шарикони муколама иштирок менамоянд.

Сарчашма:Khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий