< 15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ » Независимое информационное агентство. «ҲАМСИНФ»

15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ

15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" дар Тоҷикистонро тасдиқ кардааст

Бино бар гузоришҳои восила, ин эътироф дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии "вируси корона" ё COVID-19, ки имрӯз таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва ҳам раиси ин Ситод баргузор шуд, зикр шудааст.

Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, дар ин ҷаласа ба вазъи кунунии сиҳии кишвар баҳои муносиб дода, ба ин натиҷа расидаанд, ки вуҷуди "вируси корона" дар Тоҷикистон эътироф ва тариқи телевизиони давлатӣ эълон шавад.

"Барои эълони ин хабар ба ҷомиаи Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандуруастии Тоҷикистон муваззаф шудааст. Интизор меравад, ӯ тариқи телевизион аз утоқи кории худ ин хабарро ба мардуми Тоҷикистон бирасонад", - гуфтанд ба Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, бино ба гузориши манбаъ, дар кишвар 15 ҳолати гирифторӣ ба "вируси корона": 10 маврид дар шаҳри Хуҷанд ва 5 маврид дар шаҳри Душанбе сатб шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий