< Латукуби зан барои ШВКД-и ноҳияи Сино ҷиноят нест! (ВИДЕО) » Независимое информационное агентство. «ҲАМСИНФ»

Латукуби зан барои ШВКД-и ноҳияи Сино ҷиноят нест! (ВИДЕО)

Латукуби зан барои ШВКД-и ноҳияи Сино ҷиноят нест! (ВИДЕО)

Сабти видеоӣ аз як камераи назоратӣ ба даст расид, ки дар он лаҳзаи латту-кӯби як духтар аз ҷониби як ҷавон сабт шудааст.


Дар видео дида мешавад, ки ҷавон духтарро бо мушту лагат мекӯбад ва ду мард талош доранд, ки духтарро аз зери шаттаи ӯ халос кунанд, вале ҷавон ҳамчунон ба духтар ҳамла оварда, ӯро чанд мушти дигар мезанад. Дар видео садои як мард низ шунида мешавад, ки латтукӯби духтар аз ҷониби ин ҷавонро шарҳ медиҳад: 

"Ия бин! Задана бин! Мегӯӣ, ҳичӣ нагӯемаш? Ҳамин заданда ҳичӣ нагӯемаш?” Ин ҳодиса, тавре дар видео дида мешавад, рӯзи 12 июн, соати 14:02 рух додааст.

Инчунин, маълум кард, ки ин ҳодисаи латтукӯби духтар рӯзи санаи 12 июн дар чойхонаи караокеи "Андромеда”, воқеъ дар ҳалқаи Маяковский-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки духтари латтукӯбшуда Насиба ном дошта, дар ин чойхона ба сифати пешхидмат кор мекунад. Ҷавоне, ки ӯро латтукӯб кард, Анас ном нафарест, ки дар паҳлуи караокеи Андромеда дар як маркази бозиҳои компютерӣ кор мекунад.

Шоҳидон мегӯянд, ки латтукӯби Насиба аз ҷониби Анас соати 14:00 дар пеши чашми кормандони ШВКД-1-и ноҳияи Сино сурат гирифт. Аммо, кормандони ШВКД ҷавонро ҷазое надоданд.

"Вақте ки Анас Насибаро бе ягон сабаб латтукӯб кард, кормандони шуъбачаи чоруми милисаи ноҳияи Сино, аз ҷумла капитан Тоҳир Норов дар онҷо ҳузур доштанд. Вале азбаски духтар ягон соҳиби бақувват надорад, ҷавонро ҷазое надоданд. Баракс Насибаро ба милиса даъват карда, таҳдид кардаанд, ки агар аризаашро пас нагирад, ба зидди худаш парванда мекушоянд. Намедонам, Анас бо кормандони мақомот чӣ муомила кард, вале духтарро хеле сахт тарсонданд.

Ӯ, ки соҳибе надорад, дигар метарсад, ки даъво кунад”,  - нақл кард дар суҳбат яке аз шоҳидони ҳол.

Ба гуфтаи шоҳидон, ин бори аввал нест, ки Анас нисбат ба Насиба чунин бадрафторӣ мекунад, вале мақомот нисбат ба ӯ чорае намеандешанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий