Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки Маскав аз афзоиши фаъолиятҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”* дар Афғонистон нигарон аст.
"Мо аз афзоиши фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ* дар Афғонистон нигарон ҳастем", - гуфтхону Захарова.
Ба гуфтаи вай, ахиран террористони ДИИШ дар наздикии масҷид дар маркази Кобул як ҳамлаи бузурги террористӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа он 20 сокини маҳаллӣ кушта ва беш аз 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазъият дар Афғонистон моҳи июн бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, гурӯҳи “Толибон”* тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Он замон, ҷангҷӯён кафолат доданд, ки онҳо ният надоштанд ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҳуҷум кунанд.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо воридшавии ҷангҷӯёни “Толибон”* ба шаҳри Кобул аз мақомаш истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)